Иштироки сарбозону афсарони тоҷик дар гузашти низомии Ғалаба дар Маскав

Як воҳиди сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар гузашти ҷашнии Ғалаба, ки рӯзи 24 июн дар Майдони Сурхи Маскав доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод. Ба ин воҳиди сарбозону афсарони тоҷик, ки ба гузашти ифтихорӣ дар Майдони Сурх шарафёб гардидаанд, намояндагони қувваҳои хушкигард, неруҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Як воҳиди сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар гузашти ҷашнии Ғалаба, ки рӯзи 24 июн дар Майдони Сурхи Маскав доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба ин воҳиди сарбозону афсарони тоҷик, ки ба гузашти ифтихорӣ дар Майдони Сурх шарафёб гардидаанд, намояндагони қувваҳои хушкигард, неруҳои зудамал, неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ шомиланд.

Тибқи маълумоти як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати ҷумҳурӣ, иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар сафороии низомӣ ба ифтихори ҷашни 75-умин солгарди Ғалаба дар Маскав дар назар аст.

Сарбозону афсарони воҳиди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон охири ҳамин ҳафта бо ҳавопаймоии ҳарбии боркаши Вазорати мудофиаи Русия ба Маскав бурда мешаванд.

Машқҳои омодагӣ ба гузашти низомӣ бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ – дастпӯшаку ниқоб гузаронида мешаванд.

Рӯзҳои 17 ва 18 июн дар Майдони Сурх машқу тамринҳои шабона доир гардида, рӯзи 20 июн баргузории машқи генералии гузашт ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин гузашти низомии Ғалаба аз иштироки наздики 15 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва беш аз 200 адад техника, инчунин тибқи маълумоти пешакӣ, 75 адад ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ интизорӣ меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.