Тоҷикистонии 18-сола ҳангоми наҷоти кӯдак дар Уфа ҳалок шуд

Дар шаҳри Уфа (Бошқирдистон) ҳангоми талоши наҷоти кӯдак ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон ҳалок шуд. Ин ҳодиса дар дарёи Белая рӯзи 7 июн рух додааст. Ҷавон писарчаи дар ҳоли ғарқшавӣ қарордоштаро аз об берун меорад, вале худаш дигар ба соҳил баромада натавонистааст. Дар ин бора Bash.news хабар медиҳад. Ҳоҷимурод Қаландаров дар Уфа таҳсил мекард. Имсол ӯ […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Уфа (Бошқирдистон) ҳангоми талоши наҷоти кӯдак ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон ҳалок шуд. Ин ҳодиса дар дарёи Белая рӯзи 7 июн рух додааст. Ҷавон писарчаи дар ҳоли ғарқшавӣ қарордоштаро аз об берун меорад, вале худаш дигар ба соҳил баромада натавонистааст. Дар ин бора Bash.news хабар медиҳад.

Ҳоҷимурод Қаландаров дар Уфа таҳсил мекард. Имсол ӯ соли аввали Донишгоҳи аграриро хатм карда буд. Он рӯз ӯ ҳамроҳи дӯстонаш дар канори дарё (пляж)-и Белая истироҳат мекард. Вақте мебинад, ки кӯдак ғарқ шуда истодааст, худро ба об партофта, кӯдакро ба берун тела медиҳад, лекин худаш наҷот намеёбад.

Ғаввосон (водолазҳо) ҷасади ӯро баъди чанд соат дарёфт мекунанд. Ояндаи наздик ҷасади ӯ ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Дар робита ба ин ҳодиса дар соҳилҳое, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудаанд, хадамоти наҷотдиҳӣ рейдҳо мегузаронанд. Камбудиҳои ошкоршуда асосан ба таҷҳизоти наҷотдиҳии муҳлати истифодааш гузашта дахл доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.