Дар як қатор вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ сурат гирифт

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумат дар як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои ҳукумати Сӯҳроб Мирзозода аз вазифаи муовини якум, Рустам Вализода аз вазифаи муовини вазири нақлиёт озод ва Раҳим Бобозода муовини якуми вазири […]

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумат дар як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои ҳукумати Сӯҳроб Мирзозода аз вазифаи муовини якум, Рустам Вализода аз вазифаи муовини вазири нақлиёт озод ва Раҳим Бобозода муовини якуми вазири нақлиёт, Шуҷоат Сироҷзода муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин шуданд.

Сахидод Раҳматуллозода муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумат таъин гардида, Саидумрон Абдураҳмонзода ва Заррина Назарзода аз вазифаи муовинони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумат озод карда шуданд.

Бо қарорҳои ҳукумат Раҳматулло Табарзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат озод ва Нурулло Абдураҳимзода ба ин вазифа таъин шуд.

Бо Фармонҳои президент Баҳром Иноятзода аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Абдуқодир Вализода аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода ва Парвиз Акрамзода аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалингозод карда шуданд.

Тибқи фармонҳои дигари Президенти ҶТ Абдуқодир Вализода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Парвиз Акрамзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода ва Муҳтадӣ Маҷидӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг таъин гардиданд.

Зимни мулоқот бо кадрҳои тозатаъин Сарвари давлат аз камбудиву қонуншиканӣ дар фаъолияти кории баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳо мисолҳои мушаххас оварда, иброз дошт, ки дар фаъолияти хизматиатон бо ҳисси масъулияти баланд муносибат намоед ва дар чаҳорчӯбаи қонун амал кунед.

«Содиқона, поквиҷдонона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ вазифаҳои худро ҳамчун хизматчии давлатӣ иҷро кунед, бо мардум робитаи наздиқ дошта бошед, қобилияти кордониву ташкилотчигиатонро сарфи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум сарф намоед!» – таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.