Бозор кушодаву роҳ баста мешавад. Таъмири роҳи “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубӣ

Ҳаракати нақлиёти автомобилӣ тариқи роҳи кӯчаи Ҷанубӣ (64 микрорайон)  аз 10 июн манъ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд. Ин роҳ аз саршавии бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии Душанбе барои таъмир баста мешавад. Шаҳрдории пойтахт аз ронандагон дархост мекунад, ки дар ин давра аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафати ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳаракати нақлиёти автомобилӣ тариқи роҳи кӯчаи Ҷанубӣ (64 микрорайон)  аз 10 июн манъ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Ин роҳ аз саршавии бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии Душанбе барои таъмир баста мешавад. Шаҳрдории пойтахт аз ронандагон дархост мекунад, ки дар ин давра аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафати ин мавзеъ истифода баранд.

Корҳои таъмирро дар ин қитъаи роҳ дирексияи сохтмони иншооти давлатии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар ба иҷро мерасонад.

Дар назар аст, ки корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ дар муддати як моҳ ба итмом мерасанд.

Ёдрас мекунем, ки ба мисли дигар бозорҳои либосфурӯшии пойтахт бозори “Корвон” низ аз 15 июн ба фаъолият оғоз мекунад.

Бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, то оғози дубора ба фаъолият пардохтан дар дохили бозорҳо корҳои тозакунӣ, рангубору таъмир ва баровардани партовҳо амалӣ карда шавад, ҳамчунин дар даромадгоҳҳои бозорҳо долонҳои безараргардонӣ ва ҷойҳои шустани даст бо истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ таъсис дода шаванд.

Инчунин ба масъулин бобати ба гузоштани шахсони мутасаддӣ ва истифодаи ҳароратсанҷи масофавӣ дар даромадгоҳҳои бозорҳо ва ҳамаи нуқтаҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, пӯшидани ниқоб аз ҷониби ҳамаи соҳибкорони бозору нуқтаҳои савдои онҳо, насб кардани буклету овезаҳои қоидаҳои риояи беҳдоштӣ дар растаҳо, кашидани хат ва ресмонҳои рангаи масофаи иҷтимоӣ дар ҳамаи дӯкон ва нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ, дастгирӣ ва мусоидати соҳибкорони инфиродии бозорҳо дар озод намудани пардохти андозҳо дар давраи тиҷорат накардани онҳо дастур дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.