Фавти 22 кас аз коронавирус дар ВМКБ

Дар давраи пандемия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 22 нафари шахсони синни 55 ва аз он болотар фавтиданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи навбатии ситод оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус раиси ВМКБ Ёдгор Файзов чунин гуфтааст. “22 нафаре, ки дигар бемориҳои иловагии […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар давраи пандемия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 22 нафари шахсони синни 55 ва аз он болотар фавтиданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи навбатии ситод оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус раиси ВМКБ Ёдгор Файзов чунин гуфтааст.

“22 нафаре, ки дигар бемориҳои иловагии кӯҳна доштанд, аз коронавирус дар минтақа вафот карданд. Аз ин шумор 14 нафар дар беморхонаи вилоятӣ ва 8 кас дар дигар беморхонаҳои ноҳияҳои вилоят фавтиданд. Сатҳи умумии фавт дар ВМКБ 1,5%-ро ташкил дод”, – қайд шудааст дар ҷаласа.

Дар ҳамин ҳол, зимни ҷаласа таъкид шудааст, ки рӯзҳои охир шумори сироятёфтагон кам шуда истодааст.

“Агар қаблан дар як рӯз аз 50 то 70 нафар муроҷиат мекарданд, акнун тибқи омори расмӣ, то 7 июн ҳамагӣ 19 нафар бистарӣ шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта, хеле камтар аст”, – илова кард Ниятбеков.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар вилоят 1506 нафар табобат гирифта, 1 ҳазору 132 кас ё худ 75%-ашон пас аз шифоёбӣ рухсатӣ шудаанд.

Дар Помир вазъ хеле бад ё маълумоти оморӣ носаҳеҳ аст?

Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия дар кишвар ҳамагӣ 48 нафар аз коронавирус фавтидаанд.

Пас чунин бармеояд, ки қариб нисфи фавтидагон ба ВМКБ рост омада, боқимонда 26 каси дигар байни дигар минтақаҳо тақсим шудаанд!?

Мувофиқи хабар охири Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар ин хусус, то 8 июн дар мамлакат 1 ҳазору 176 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 90 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон, то соати 18:00 дақиқаи 8 июн  дар кишвар 4 ҳазору 609 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2 ҳазору 763 (60%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯйхати ғайрирасмии фавтидагон аз коронавирус дар торнамои kvtj.info ҳамарӯза навсозӣ ва зиёдтар мешавад.

То имрӯз дар рӯйхати сомона 426 нафар зикр шудаанд. Акнун ба ғайр аз маълумот дар бораи шахсият, синнусол, ҷойи кор, макони зист, рӯзи марги ин одамон ва манбае, ки аз фавти онҳо хабар додааст, сатре илова шудааст, ки дар он гуфта мешавад, ин далели тасдиқшуда мебошад ё он мавриди санҷиш қарор дорад.

Аксари ному насабҳо аз ҷониби дастандаркорон (модераторон) тасдиқ карда шудааст.

Дар рӯйхат бо ранги гулобӣ ному насаби 64 нафар кормандони тиббии аз COVID-19 фавтида низ оварда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.