Дар 70 нафар тоҷикистонии аз Қазоқистону Ӯзбекистон баргашта коронавирус ошкор шуд

Дар 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш аз Қазоқистону Ӯзбекистон ба ватан оварда шуданд, коронавирус ошкор шуд. Ҳамаи онҳо дар беморхонаи вилоятии Суғд, ки ҳамчун госпитал фаъолият дорад, бистарӣ шуда, зери назорат қарор доранд. Ба иттилои як манбаъ аз соҳаи тандурустии вилоят, айни замон дар Беморхонаи вилоятии клиникии Суғд 92 нафар беморони коронавирус, […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Дар 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш аз Қазоқистону Ӯзбекистон ба ватан оварда шуданд, коронавирус ошкор шуд. Ҳамаи онҳо дар беморхонаи вилоятии Суғд, ки ҳамчун госпитал фаъолият дорад, бистарӣ шуда, зери назорат қарор доранд.

Ба иттилои як манбаъ аз соҳаи тандурустии вилоят, айни замон дар Беморхонаи вилоятии клиникии Суғд 92 нафар беморони коронавирус, аз ҷумла 70 нафари дар боло зикршуда, ки асосан зодагони вилояти Хатлон мебошанд, инчунин 22 нафар сокинони Суғд табобат мегиранд. Дар ҳамин ҳол, ду нафари онҳо сокинони Бӯстон буда, дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарианд.

Ёдрас мекунем, ки 767 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла беш аз 40 нафар кӯдакон, ки бар асари пандемияи коронавирус дар гузаргоҳи “Жибек Жоли” дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон дармонда буданд, рӯзи 3 июл бо транзит тариқи қаламрави Ӯзбекистон бо автобусҳо ба ватан оварда шуданд.

Созмони байнулмилалии муҳоҷират – Агентии СММ оид ба муҳоҷира, ЮНИСЕФ ва Ҳукумати Тоҷикистон бо талошҳои муштарак ба бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба ватан аз сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон муосидат карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.