Эҳтимоли ба карантин баста шудани сафорати Тоҷикистон

Се нафар кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия аз коронавирус сироят ёфтаанд. “Тестҳое, ки аз ин се нафар кормандон гирифта шуданд, натиҷаи мусбат доданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Маскав аз сафорат дархост намудааст, ки рӯйхати касони бо онҳо алоқадоштаро пешниҳод кунанд. “Ҳукумати […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Се нафар кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия аз коронавирус сироят ёфтаанд.

“Тестҳое, ки аз ин се нафар кормандон гирифта шуданд, натиҷаи мусбат доданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Маскав аз сафорат дархост намудааст, ки рӯйхати касони бо онҳо алоқадоштаро пешниҳод кунанд.

“Ҳукумати шаҳри Маскав сафоратро ба карантин баста метавонад. Айни замон ҳамаи кормандони сафорат тести ташхиси коронавирус супориданд. Натиҷаҳои он алҳол маълум нест", – иттилоъ дод манбаъ.

Зикр шуд, ки чанд рӯз қабл сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов зимни суханронӣ назди муҳоҷироне, ки пеши бинои сафорат ҷамъ омада буданд, аз онҳо даъват кард, ки масофаро байни ҳамдигар риоя намуда, ниқоб пӯшанд ва бидуни зарурати муҳим назди сафорат ҷамъ наоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин суханронӣ сафир хабар додааст, ки таби се нафар кормандони сафорат баланд шудааст.

“Бо хатсайрҳои чартерии пешбинигардида мо наметавонем ҳамаи 8 ҳазор нафар шаҳрвандони муроҷиаткардаро ба ватан баргардонем. Дар навбати аввал шахсони пиронсол, беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, занони ҳомиладор ва шахсони дар сафарҳои хизматӣ дармонда фиристода мешаванд. Айни замон таби се нафар кормандони мо баланд шуда, онҳо бистарианд”, – изҳор доштааст сафир назди муҳоҷирони ҷамъомада.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ин маълумотро ба “Азия-Плюс” инкор ҳам накарданду тасдиқ низ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.