Тӯли ним сол дар Суғд 6063 ҳолати фавт сабт шуда, лекин ягонтоаш аз COVID-19 нест

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 6063 нафар вафот кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (5778) 285 ҳолат зиёдтар аст. Сардори шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Лолахон Файззода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки тибқи маълумотномаҳои тиббӣ оид ба сабабҳои марг, дар ин давра 203 нафар аз бемории […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 6063 нафар вафот кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (5778) 285 ҳолат зиёдтар аст.

Сардори шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Лолахон Файззода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки тибқи маълумотномаҳои тиббӣ оид ба сабабҳои марг, дар ин давра 203 нафар аз бемории илтиҳоби шуш, 109 кас – аз бемории дил ва дигар касалиҳои шуш фавтидаанд. Доир ба дигар сабабҳои марг маълумот дода нашуд.

Дар ҳамин ҳол, Лолахон Файззода таъкид дошт, ки “дар ҳеҷ кадоме аз маълумотномаҳои тиббӣ COVID-19 ба сифати сабаби марг зикр нашудааст”.

Ҳамчунин зикр шуд, ки шумори тифлони навзод дар ин давра 1439 ҳолат кам шуда, 25 ҳазору 482 (соли гузашта 26 ҳазору 921) тифли навзодро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.