Тӯли ним сол дар Суғд 6063 ҳолати фавт сабт шуда, лекин ягонтоаш аз COVID-19 нест

Date:

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 6063 нафар вафот кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (5778) 285 ҳолат зиёдтар аст.

Сардори шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Лолахон Файззода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки тибқи маълумотномаҳои тиббӣ оид ба сабабҳои марг, дар ин давра 203 нафар аз бемории илтиҳоби шуш, 109 кас – аз бемории дил ва дигар касалиҳои шуш фавтидаанд. Доир ба дигар сабабҳои марг маълумот дода нашуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҳол, Лолахон Файззода таъкид дошт, ки “дар ҳеҷ кадоме аз маълумотномаҳои тиббӣ COVID-19 ба сифати сабаби марг зикр нашудааст”.

Ҳамчунин зикр шуд, ки шумори тифлони навзод дар ин давра 1439 ҳолат кам шуда, 25 ҳазору 482 (соли гузашта 26 ҳазору 921) тифли навзодро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...