Суғд: оғози мурофиаи гумонбарон ба узвият дар “Ихвон ул-муслимин”

Суди вилояти Суғд ба баррасии парванда нисбат ба гурӯҳи шахсоне, ки ба узвият дар созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони Мусалмон) гумонбар дониста мешаванд, оғоз кард. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, дар ин мурофиа 21 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Ба гуфтаи манбаъ, айбдоршавандагон бар асоси моддаҳои 307, замимаи 1 […]

Наим Халимов

Суди вилояти Суғд ба баррасии парванда нисбат ба гурӯҳи шахсоне, ки ба узвият дар созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони Мусалмон) гумонбар дониста мешаванд, оғоз кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, дар ин мурофиа 21 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, айбдоршавандагон бар асоси моддаҳои 307, замимаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм), моддаи 307, иловаи 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) муттаҳам дониста мешаванд.

Моҳи январи соли 2020 беш аз 100 нафар сокинони вилоят ба сифати шоҳидон дар парвандаи “Ихвон-ул-муслимин” бозпурсӣ шуданд.

“Нисбат ба 20 нафар мутобиқи моддаи моддаи 307, иловаи 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Инҳо сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшану Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Онҳо дар муассисаҳои тахлимии динӣ дар хориҷи кишвар таҳсил карда, байни онҳо омӯзгорони мактабҳои олӣ низ ҳастанд”, – қайд кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Суди олии Тоҷикистон низ пушти дарҳои пӯшида ба барррасии парванда нисбати 114 шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Миср бо айбдорӣ ба узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин оғоз кард.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз соли 2016 20 нафар имомхатибони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд. Шаш нафари онҳо хатмкардагони Донишгоҳи исломӣ дар Мадина (Арабистони Саудӣ) буда, охири солҳои 90-ум ба сафҳои созмони “Ихвон-ул-муслимин” пайвастаанд.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.