Омбудсмени кӯдакон: “Кӯдакони аз Ироқ баргашта ба ҳаёти маъмулӣ одат мекунанд”

Кӯдакони тоҷик, ки моҳи апрели соли гузашта аз паноҳгоҳ ва зиндонҳои Ироқ ба Душанбе оварда шуданд, дар интернатҳои махсус боқӣ монда, тадриҷан ба ҳаёти маъмулӣ одат мекунанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон (Омбудсен) дар Тоҷикистон Раҷабмо Ҳаюибуллозода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳамаи 84 нафар кӯдакони баргашта дар хона-интернат ва муассисаҳо барои кӯдакон қарор […]

Кӯдакони тоҷик, ки моҳи апрели соли гузашта аз паноҳгоҳ ва зиндонҳои Ироқ ба Душанбе оварда шуданд, дар интернатҳои махсус боқӣ монда, тадриҷан ба ҳаёти маъмулӣ одат мекунанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон (Омбудсен) дар Тоҷикистон Раҷабмо Ҳаюибуллозода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳамаи 84 нафар кӯдакони баргашта дар хона-интернат ва муассисаҳо барои кӯдакон қарор доранд.

“Шахсан ман тез-тез ба аёдати онҳо меравам. Бархе аз онҳо ҳатто хати кириллиро намедонистанд. Дар ин муассисаҳо кӯдаконро ба мактаб омода мекунанд. Хурсандиовар аст, ки онҳо тадриҷан ба ҳаёти имрӯзаи маъмулӣ одат карда истодаанд, яъне худро чун кӯдак ҳис мекунанд. Хешовандону наздиконашон низ аз шароити барои онҳо фароҳамшуда розианд”, – гуфт ӯ.

Ҳабибуллозода қайд кард, ки ҳарчанд модарони онҳо дар зиндон бошанд ҳам, аз фарзандони худ даст накашидаанд.

“Ҳеҷ касе аз ин кӯдакон даст накашидааст. Мутаассифона, падарони онҳо кушта шуда, лекин модаронашон зиндаву ҳарчанд дар зиндон бошанд ҳам, аз фарзандони худ даст накашидаанд. Давлат бошад, ба ғамхорӣ зоҳир намудан нисбати онҳо кафолат медиҳад”, – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки ҳеҷ кадоме аз хешовандани кӯдакон то ҳол барои фарзандхонии онҳо муроҷиат накардааст.

“Ин кӯдакон дар шароити хеле вазнин қарор доштанд ва аз ин рӯ, то оила ҳамаҷониба омӯхта нашавад, онҳо ба фарандхонӣ дода намешаванд. Агар хешовандонашон хоҳиш дошта бошанд, онҳоро меомӯзем. Алҳол дар бораи фарзандхонӣ расман муроҷиат нашудааст. Онҳо танҳо кӯдаконро аёдат кардан мехоҳанд”, – афзуд Омбудсмени кӯдакон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.