Парвози нахустин тариқи хатсайри ҳавоии боркашонии Урумчӣ – маркази маъмурии Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғур (Шимолу Ғарби Чин) – ба пойтахти Ӯзбекистон рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, 15 июл сурат гирифт.
Ҳавопаймои боркаш бо сарулибос ва маҳсулоти электронии истеҳсоли шаҳрҳои Гуанчжоу (ҷануби Чин) ва Иу (шарқи Чин) аз Урумчӣ соати 16:00 рӯзи душанбе парвоз кард. Хатсайри бозгашт аз Тошканд бо маҳсулоти кишоварзӣ парвоз мекунад, хабар медиҳад CA-News.
Гуфта мешавад, парвозҳо тариқи ин хатсайр 5-7 маротиба дар як ҳафта бо назардошти зарурат анҷом дода мешаванд.
Қаблан барои интиқоли бор аз Чин ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тариқи қатора ё автомашинаи боркаш 12 шабонарӯз вақт сарф мешуд. Пас аз ифтитоҳи хатсайри нави боркашонӣ ин муҳлат то се соат кам мешавад.
Айни замон байни Синтзян ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон 4 хатсайри ҳавоии байнулмилии боркашонӣ амал мекунад, аз ҷумла ҳамчунин ба шаҳрҳои Лежи Белгия, Бишкеки Қирғизистон ва Алмаатои Қазоқистон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.