Раиси ноҳияи Вахш: Дар як соли фаъолият ягон қарори замин имзо накардам

Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсуфов имрӯз, 21-уми июл дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки тӯли як соли фаъолияташ қароре дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин ба имзо нарасондааст. “Ман шахсан худдорӣ мекунам. Имрӯз як соли фаъолияти кориям мешавад. Ягон қарор имзо накардаам. Вақте қарори ҳукумати ҷумҳурӣ мебарояд, раиси ноҳия баррасӣ накунад, ба ҷавобгарӣ мекашанд. Имрӯз […]

Сайрайҳмон Назриев, Asia-Plus

Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсуфов имрӯз, 21-уми июл дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки тӯли як соли фаъолияташ қароре дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин ба имзо нарасондааст.

“Ман шахсан худдорӣ мекунам. Имрӯз як соли фаъолияти кориям мешавад. Ягон қарор имзо накардаам. Вақте қарори ҳукумати ҷумҳурӣ мебарояд, раиси ноҳия баррасӣ накунад, ба ҷавобгарӣ мекашанд. Имрӯз дар ноҳияи Вахш замини наздиҳавлигӣ намондааст”, – гуфт раиси ноҳия.

Қурбон Юсуфов афзуд: “Вақте аризаҳо ҷамъ шуданд, имрӯз мумкин аз 500 ё 1000 дона зиёданд, мо ба Дастгоҳи иҷроия мефиристем, аввал ба вилоят, сипас ба ҷумҳурӣ мактуб мекунем. Агар иҷозат диҳанд, ҷудо мекунем. Ман шахсан ҳуқуқи додани замини наздиҳавлигиро надорам”.

Ба қавли ӯ, аризаҳо барои ҷудо кардани ягон қитъа аз ҳисоби замини наздиҳавлигии падари муроҷиаткунанда дақиқ омӯхта мешаванд, то ин ки худсарона забт нашуда бошанд, баъдан қарор дар бораи вобаста кардан ба имзо мерасад.

Ёдовар мешавем, ки Қурбон Юсуфов моҳи июли соли 2019 бо фармони президент ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ноҳияи Вахш таъин шуд. Ӯ қаблан роҳбарии хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб”-и ноҳияро ба уҳда дошта, яке аз соҳибкорони муваффақ маҳсуб мешуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.