Вазорати фарҳанг: Алҳол дигар маршировка намешавад!

Бар асари сирояти коронавирус тасмим гирифта шудааст, ки дар Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёну хонандагони мактабҳо маршировка (намоиши дастаҷамъонаи ҷашнӣ) гузаронида намешавад. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон донишҷӯёну хонандагони мактабҳо ба иштирок дар намоишҳои театришуда ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ ҷалб нашудаанд. “Алҳол тасмим гирифта […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Бар асари сирояти коронавирус тасмим гирифта шудааст, ки дар Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёну хонандагони мактабҳо маршировка (намоиши дастаҷамъонаи ҷашнӣ) гузаронида намешавад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон донишҷӯёну хонандагони мактабҳо ба иштирок дар намоишҳои театришуда ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ ҷалб нашудаанд.

“Алҳол тасмим гирифта шудааст, ки маршировка гузаронида нашавад. Дар сурати тағйири вазъ, шумори маҳдуди иштирокчиён бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ҷалб мешаванд. Ҳамааш аз вазъи марбут бо коронавирус вобаста аст. Таҷлили оммавии ҷашни Рӯзи Истиқлолият ё 5500-солагии Саразм дар моҳи сентябр низ ҳоло маълум нест, зеро олимони аксари кишварҳо имрӯз мавҷи дуюми сирояти коронавирусро пешгӯйӣ мекунанд”, – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи Давлатзода, паҳншавии сирояти коронавирус ба намояндагони соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ низ таъсири манфӣ расонид.

“Тоҷикистон 5 собиқадори соҳаи фарҳангро талаф дод, ки ифтихори ҷумҳурии мо буданд. Инчунин дар ин давра 18 нафар кормндони Вазорат аз коронавирус сироят ёфтанд”, – қайд кард Давлатзода.

Зимнан зикр шуд, ки дар робита ба паҳншавии коронавирус Вазорати фарҳанг ва воҳидҳои зертобеъи он ба суратҳисоби махсуси Фонди мубориза бо COVID-19 наздики 70 ҳазор сомонӣ маблағ гузарониданд.

“Ғайр аз ин, намояндагони соҳа ба кормандони тиббӣ ва аҳолии пойтахт, инчунин як қатор навоҳӣ бо доруворӣ, ниқобу дастпӯшак ва маҳсулоти ғизоӣ кумак карданд”, – илова кард вазири фарҳанг.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.