Вазири тандурустӣ: “Дар Тоҷикистон захираи доруворӣ ҳаст”

“Эҳтимоли мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале инро пешгӯӣ карда наметавонем”, – изҳор дошт Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ имрӯз, 24-уми июл дар нишасти матбуотӣ. Аммо оид ба миқдори муайян ва кадом маводро дар назар доштан чизе гуфта нашуд. “Айни замон дар кишвар ба эътидол омадани вазъи паҳншавии коронавирус ба мушоҳида мерасад, – […]

“Эҳтимоли мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале инро пешгӯӣ карда наметавонем”, – изҳор дошт Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ имрӯз, 24-уми июл дар нишасти матбуотӣ. Аммо оид ба миқдори муайян ва кадом маводро дар назар доштан чизе гуфта нашуд.

“Айни замон дар кишвар ба эътидол омадани вазъи паҳншавии коронавирус ба мушоҳида мерасад, – иброз дошт ӯ. – Дар саросари дунё барои пешгӯии мавҷи дуюми пандемияи коронавирус меъёрҳои муайян нестанд. Бо хулоса аз вазъи паҳншавӣ дар кишварҳои ҳамсоя, эҳтимоли мавҷи дуюм дар мо ҳам интизор меравад, лекин замони онро алҳол дақиқ гуфта наметавонем”.

Вазир афзуд, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба ҷамъоварии маълумоти эпидемиологӣ оғоз карда, ин масъаларо омӯхта истодаанд.

“Дар робита гуфта метавонам, ки мо хуб омодаем. Айни ҳол миқдори зарурии доруворӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ захира шудааст”, – итминон дод ӯ.

Ба гуфтаи Абдуллозода, тӯли ним сол ба Тоҷикистон доруворию маводи тиббӣ ва кумакҳои башардӯстона ба маблағи зерин ворид карда шудааст:

– доруворӣ ва маводи тиббӣ ба маблағи умумии 32,7 млн доллар;

– кумаки башардӯстона ба маблағи 8,3 млн доллар (ҳудуди 85 млн сомонӣ);

– маводи тиббӣ барои фурӯш ба маблағи 23,3 млн доллар (ҳудуди 250 млн сомонӣ);

– маводи тиббӣ барои муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 1,05 млн доллар (ҳудуди 11 млн сомонӣ).

Давоми ним сол аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 2,9 млн сомонӣ доруворӣ содирот шудааст.

Ёдрас мекунем, ки замони оғози паҳншавии бемории COVID-19 баъзе аз доруҳои зиддивирусӣ дар дорухонаҳои кишвар камёфт шуда, нархи маводи фурӯшӣ чанд баробар боло рафт.

Абдуллозода инчунин гуфт, ки барои мактабҳо ва дигар макони ҷамъшавии издиҳоми мардум дастурамал бо тавсияҳо оид ба пешгирии сирояти коронавирус таҳия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.