Роҳбари МТС: “Офтоби мо ҳамаи вирусҳоро нобуд карда метавонад”

Date:

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бар ин назар аст, ки пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон “нисбат ба дигар кишвар на он қадр фоҷеабор сурат гирифт”.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза ӯ дар ин робита изҳор дошт, ки Марказ дар бораи таъсири пандемия ба соҳаҳои гуногуни кишвар як қатор таҳқиқот анҷом дода, пешниҳоду тавсияҳои худро ба ҳукумат фиристодааст.

Ба гуфтаи Зиёӣ, “дар натиҷаи тадбирҳои саривақт андешида аз ҷониби ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва хатарҳои пандемияро фаҳмидани аҳоливу риояи қоидаҳои пешгирӣ муяссар шуд, ки ҷараёни фоҷеабори он пешгирӣ шавад”.

“Сабаби сеюм дар он аст, ки табиати мо, нури ултрафиолети офтоби мо ҳама гуна навъи вирусро нобуд крада метавонад. Бисёр вақт мепурсанд, ки агар ҳама кор дар нури офтоб аст, пас чаро дар Арабистони Саудӣ вирусро маҳв карда натавонистанд? Ман он ҷо се сол ба ҳайси тарҷумон карда, метавонам бигӯям, ки осмони онҳо ҳамеша чангу ғуборолуд аст, ки ба паҳншавии нури ултрафиолет монеъа мешавад. Коронавирусро на гармӣ, балки маҳз нури ултрафиолет нобуд мекунад”, – иброз дошт Зиёӣ.

Зимнан зикр шуд, ки яке аз пешниҳодҳои Марказ барои пешгирии паҳншавии коронавирус дар он аст, ки шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо) дар шаҳр каму теъдоди автобусҳо зиёд карда шавад. Ба ақидаи ӯ, автобусҳо барои риояи масофаи бехатар байни ҳамдигар бештар мусоиданд.

Аз ҷузъиёти таҳқиқот Зиёӣ маълумот надода, қайд кард, ки марказ танҳо баъди муаррифии расмии он ба ифшои маълумот ҳуқуқ пайдо мекунад.

Қобили зикр аст, ки айни замон таҳқиқоти эътирофшуда, ки алоқаи нури ултрафиолети офтобиро бо COVID-19 собит созанд, вуҷуд надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...