Сохтмони боғи ҳайвоноти нави пойтахт боз мавқуф гузошта шуд

Сохтмони боғи ҳайвоноти нав дар шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба Тоҷикистон омада натавонистани мутахассисони хориҷӣ ба Тоҷикистон бар асари пандемияи коронавирус оғоз нагардид. Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ба корҳои лоиҳакашӣ ва амалисозии он мутахассисони хориҷи ҷалб шудаанд. Соли 2020 шаҳрдортии пойтахт дар бораи ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот қарор қабул […]

Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Сохтмони боғи ҳайвоноти нав дар шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба Тоҷикистон омада натавонистани мутахассисони хориҷӣ ба Тоҷикистон бар асари пандемияи коронавирус оғоз нагардид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ба корҳои лоиҳакашӣ ва амалисозии он мутахассисони хориҷи ҷалб шудаанд.

Соли 2020 шаҳрдортии пойтахт дар бораи ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот қарор қабул кард. Аз вариантҳои сершумор канори шимолии Душанбе наздикии соҳили дарёи Варзоб, ҷойи ду кӯли ҳозира интихоб шуд.

“Айни замон лозим омад, ки иҷрои ин қарор мавқуф гузошта шавад. Таҳияи ҳуҷҷатҳо ба дӯши лоиҳакашони Маскав вогузор шуд, ки дар ин самт таҷрибаи корӣ доранд. Дигар мутахассисони хориҷӣ низ даъват шуданд. Аммо бо сабаби эпидемияи коронавирус ва қатъи алоқаи нақлиёт онҳо ба Душанбе омада натавонистанд. Бо пайдо шудани имконят мо ба амалисозии лоиҳа шурӯъ мекунем”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари дастгоҳи шаҳрдории пойтахт Тоҷиддин Саидзода.

Боғи ҳайвоноти Душанбе 60 сол пеш ба фаъолият оғоз намуда, то ҳол дар маркази шаҳр, наздикии пайвастшавии дарёҳои Варзоб ва Лучоб, дар масофаи камтар аз як километр аз маҷмааи биноҳои ҳукумат қарор дорад.

Ҳолати он, аз ҷумла шароити нигоҳубини ҳайвонот ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. Лекин зарурати ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот 8 сол бе натиҷа мавриди баррасӣ қарор дошт.

Қаламрави боғи ҳайвонот, ки ҳозир ба 6 гектар баробар аст, якчанд баробар зиёд шуда, ба ивази катакҳо (панҷараҳо)-и ҳозира ба ҷойҳои васеъ бо шароити наздик ба табиӣ барои ҳайвоноту парандагон имкон хоҳад дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?