Эҳтимоли аз 1 сентябр барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни Русия ва кишварҳои ИДМ

Аввали тирамоҳ Русия метавонад алоқаи ҳавоиро, ки бар асари пандемияи кронавирус қатъ шуда буд, бо чанде аз кишварҳо барқарор намояд. Тавре znak.com бо истинод ба «Вестник АТОР»  менависад, аз 1 сентябр Русия метавонад алоқаи ҳавоиро бо чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барқарор кунад. Бино ба иттилои сомонаи Иттиҳодияи ширкатҳои сайёҳии Русия (Ассоциация туроператоров России), […]

Asia-Plus

Аввали тирамоҳ Русия метавонад алоқаи ҳавоиро, ки бар асари пандемияи кронавирус қатъ шуда буд, бо чанде аз кишварҳо барқарор намояд.

Тавре znak.com бо истинод ба «Вестник АТОР»  менависад, аз 1 сентябр Русия метавонад алоқаи ҳавоиро бо чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барқарор кунад.

Бино ба иттилои сомонаи Иттиҳодияи ширкатҳои сайёҳии Русия (Ассоциация туроператоров России), манбаъҳои “Вестник АТОР” гуфтаанд, “бо эҳтимолияти зиёд” парвозҳо ба аксари кишварҳои Иттиҳод барқарор мешаванд.

Гуфта мешавад, барои дубора азсаргирии парвозҳо ба кишварҳои хориҷи наздик якчанд асосҳо вуҷуд дорад.

Якум, вазъи вобаста ба коронавирус дар Русия муътадил шуда, моҳи сентябр истеҳсоли саноатии ваксина аз COVID-19 пешбинӣ шудааст.

Дуюм, вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои ИДМ низ ба эътидол меояд ва ин кишварҳо ният доранд, ки аз Русия ваксина харидорӣ кунанд.

«Вестник АТОР» қайд мекунад, ки ҳамчунин дар ин маврид бобати барқарор намудани робитаҳои гуманитарӣ ва корӣ сухан меравад.

“Бо ин сабаб Қазоқистону Тоҷикистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Арманистон нахуст дар рӯйхати 30 кишваре буданд, ки Вазорати нақлиёти Русия барқарор кардани алоқаи ҳавоиро бо онҳо пешниҳод карда буд. Ифтитоҳи хатсайр ба ин кишварҳоро аз сентябр интизорем”, – гуфтааст як манбаи огаҳ дар соҳаи авиатсияи Русия.

Бо барқарор шудани парвозҳо ба Қазоқистону Ӯзбекистон сайёҳони русиягӣ барои сафар тариқи транзит ба кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна имконоти нав пайдо мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, аксрияти кишварҳо, аз ҷумла Таиланд, Ветнам, Малайзия, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо алҳол сайёҳони хориҷиро қабул намекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 август ба парвозҳо аз Русия ба Туркия, Британияи Кабир ва Танзания иҷоза дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.