Ислоҳот дар низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи ислоҳот низоми иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар давраи то соли 2030 тасдиқ кард. Муаллифони санад эътироф мекунанд, ки дар ин низом то ҳол як қатор мушкилот ҳалношуда боқӣ мемонад. Аз мушкилот дар санад шумори зиёди маҳкумшудагон, душвории таъмини зисту назорати онҳо, пешгирии қонуншиканӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ, ба шуғл фаро гирифтани маҳбусон, таъмини амният, […]

Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи ислоҳот низоми иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар давраи то соли 2030 тасдиқ кард.

Муаллифони санад эътироф мекунанд, ки дар ин низом то ҳол як қатор мушкилот ҳалношуда боқӣ мемонад.

Аз мушкилот дар санад шумори зиёди маҳкумшудагон, душвории таъмини зисту назорати онҳо, пешгирии қонуншиканӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ, ба шуғл фаро гирифтани маҳбусон, таъмини амният, баргузории корҳои тарбиявӣ, муолиҷаи маҳбусони бемори силу ВНМО, таъмин бо ғизо ва шароити мусоиди моддӣ-маишӣ қайд мешавад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки макон ва бинои муассисаҳои талимӣ ҳанӯз солҳои 30-50-уми асри гузашта сохта шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нестанд ва онҳо рӯ ба вайронӣ овардаанд.

“Ҳамасола шумори маҳбусони ҳабси якумрӣ афзуда, онҳо бояд дар ҳуҷраи алоҳидаи зиндонҳо ҷудогона бидуни имкони сайругашт ва гуфтугӯ нигоҳ дошта шаванд, лекин дар ҷумҳурӣ якто чунин зиндон дар шаҳри Бохтар амал мекунад, ки ба ҷойгиркунии ҳама онҳо имкон надорад”, – қайд мешавад дар Стратегия.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки фарогирии маҳкумшудагон ба кор ҳамагӣ 20% аз шумори умумии маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳиро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Маркази байнулмилалии таҳқиқоти зиндонҳо, дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон наздики 10 ҳазор маҳкумшудагон нигаҳдорӣ мешаванд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ, айни замон дар Тоҷикистон 18 муассисаи ислоҳӣ, аз ҷумла 5 боздоштгоҳҳои тафтишотӣ (СИЗО), 8 муассисаи ислоҳии низоми гуногун, 1 муассисаи тарбиявӣ барои ноболиғон, 1 зиндон ва 3 муассисаи сукунат амал мекунанд.

Муассисаи ислоҳии аз ҳама кӯҳнатарин зиндони Душанбе мебошад, ки соли 1935 сохта шуда, барои нигаҳдории 1,5 ҳазор маҳбус пешбинӣ шудааст.

Аввали соли равон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки маҷмааи биноҳо дар маркази Душанбе, ки дар он зиндон ва тафтишгоҳҳои муваққатии Вазорати адлия ва КДАМ воқеъ аст, кӯчонида шуда, маҳкумшудагон ба муассисаи нав дар шаҳри Ваҳдат, ки ба наздикӣ сохтмонаш ба анҷом мерасад, гузаронида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.