Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ кард

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид, ки дар он вакилон якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби президентӣ пешбарӣ карданд. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон низ қаблан президенти амалкунандаро номзад пешбарӣ карда буд. Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид, ки дар он вакилон якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби президентӣ пешбарӣ карданд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон низ қаблан президенти амалкунандаро номзад пешбарӣ карда буд.

Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам 4-тоаш – Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров), Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода) ва ҲИИТ (раиси ҳизб Рустам Раҳматзода) номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби вакилони анҷуманҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд.

Дар назар аст, ки Ҳизби коммунист ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ аввали моҳи сентябр номзадҳои худро ба мансаби президентӣ дар интихобот пешбарӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки номзадиашро ба мансаби президент пешбарӣ намекунад. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки шӯрои сиёсии ҳизб ба интихобот таҳрим (бойкот) эълон мекунад.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.