ВКХ Тоҷикистон: то охири сентябр 71 парвози чартерии иловагӣ анҷом дода мешавад

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид баи пешгирии паҳншавии COVID-19 бо мақсади овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Федератсияи Русия аз 16 то 30 сентябри соли ҷорӣ 71 парвози чартерии иловагӣ аз Русия ба Тоҷикистон  аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода мешавад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, парвозҳои чартерӣ дар мувофиқат бо ҷониби Русия […]

Asia-Plus

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид баи пешгирии паҳншавии COVID-19 бо мақсади овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Федератсияи Русия аз 16 то 30 сентябри соли ҷорӣ 71 парвози чартерии иловагӣ аз Русия ба Тоҷикистон  аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, парвозҳои чартерӣ дар мувофиқат бо ҷониби Русия анҷом дода мешаванд.

“Вақтҳои охир аз ҷониби намояндагиҳои  дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар Русия ҳолатҳои аз ҷониби шаҳрвандон пешниҳод намудани шаҳодатномаҳои қалбакӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуданд, – омадааст дар хабари Вазорат. – Дар робита ба ин, ба диққати шаҳрвандони кишвар расонида мешавад, ки тибқи тағйироти охирин ба Кодекси ҷиноятии ҶТ барои қасдан паҳн намудани бемориҳои сироятӣ ҷазо пешбинӣ мешавад. Шахсоне, ки мавҷудияти чунин бемориҳоро пинҳон мекунанд ва ҳуҷҷатҳои тиббии қалбакиро оид ба набудани чунин бемориҳо пешниҳод мекунанд, тибқи тағйироти дар боло овардашуда ба Кодекси ҷиноятии ҶТ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида хоҳанд шуд”.

Гуфта мешавад, шаҳрвандоне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (PCR) гирифта шудааст, ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

“Рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон барои дохил кардан ба парвозҳои чартерӣ аз ҷониби комиссияҳои махсус, ки дар назди Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия фаъолият мекунанд, тартиб дода мешавад, – иттилоъ медиҳад Вазорат.

Ҳамзамон афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Русия бо сафари хизматӣ рафтаанд, дода мешавад.

Зикр мегардад, ки ҳамватанон метавонанд дархостҳои худро барои бозгашт ба Ватан ба тарзи электронӣ ба имейли [email protected] барои баррасии комиссияҳои зикршуда фиристанд.

Ҷадвали парвозҳои чартерии ба нақша гирифташуда аз 16 то 30 сентябри 2020 дар зер омадааст:

16 сентябр

 Екатеринбург-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе.

17 сентябр

Санкт-Петербург-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Новосибирск-Душанбе.

18 сентябр

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Уфа-Душанбе.

19 сентябр

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Краснодар-Душанбе.

20 сентябр

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Санкт-Петербург-Душанбе;

Екатеринбург-Душанбе.

21 сентябр

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Иркутск-Душанбе.

22 сентябр

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Новосибирск-Душанбе;

Санкт-Петербург-Душанбе.

23 сентябр

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Красноярск-Душанбе;

Сургут-Душанбе.

24 сентябр 

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Санкт-Петербург-Душанбе;

Новосибирск-Душанбе.

25 сентябр 

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Уфа-Душанбе;

Краснодар-Душанбе;

Екатеринбург-Душанбе.

26 сентябр 

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Санкт-Петербург-Душанбе.

27 сентябр 

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Екатеринбург-Душанбе;

Новосибирск-Душанбе;

28 сентябр 

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Санкт-Петербург-Душанбе.

29 сентябр

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Новосибирск-Душанбе;

Сургут-Душанбе.

30 сентябр 

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Москва-Душанбе;

Санкт-Петербург-Душанбе;

Уфа-Душанбе;

Екатеринбург-Душанбе.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.