Сафири Фаластин: “Мо воқеан ҳам бояд аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сабақ гирем”

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон Луай Исса бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳо  миёни Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар ҳоли рушд қарор доранд ва Тоҷикистон ба густариши ин ҳамкориҳо  таваҷҷӯҳи […]

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон Луай Исса бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳо  миёни Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар ҳоли рушд қарор доранд ва Тоҷикистон ба густариши ин ҳамкориҳо  таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Гуфта мешавад, раиси Маҷлиси намояндагон аз таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламенти Давлати Фаластин ёдовар шуда, хостори бештари ҳамкориҳо шуд.

Сафири фавқуллода ва мухтори Давлати Фаластин ҷаноби Луай Исса аз раванди ободонию шукуфоиҳои кишвари Тоҷикистон ёдовар шуда, махсус таъкид намуд, ки мо воқеан ҳам бояд аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сабақ гирем.

Ҷонибҳо ҳамчунин аз омода гаштани лоиҳаи 20 санади ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Давлати Фаластин изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ин маҷмӯи  санадҳо Созишномаҳое мебошанд, ки 7 тои он дар арафаи тасвиб буда, 6 санади дигар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад. 

“Боварӣ дорам, – гуфт Маҳмадтоир Зокирзода. – Ташрифи Шумо дар густариши муносибатҳои оянда, таъмини шарикии судманди байни кишварҳоямон, хулоса дар ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин  саҳми арзанда мегузорад. Мо аз ҷониби худ омода ҳастем, ки дар таҳкими муносиботи байнипарлумонии кишварҳоямон ба хотири густариш ва равнақу шукуфоии ду миллати дӯсту бародар мусоидат намоем”.                                             

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.