Ҳабси абади як марди дигар барои таҷовуз ба номуси духтарандару писарандараш

Додгоҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Исанов Турғунҷон Жураевичро барои таҷовуз ба номуси духтарандар ва писарандараш барои як умр аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукми додгоҳро торнамои ДодгоҳиДушанбе нашр кардааст ва дар он гуфта мешавад, ки Исанов бо шаҳрванд Зарина Соева, ки баъди ҷудо шудан аз ҳамсари аввалаш дар тарбия худ ду фарзанди ноболиғ доштааст, никоҳи мусалмонӣ карда, […]

Додгоҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Исанов Турғунҷон Жураевичро барои таҷовуз ба номуси духтарандар ва писарандараш барои як умр аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳукми додгоҳро торнамои ДодгоҳиДушанбе нашр кардааст ва дар он гуфта мешавад, ки Исанов бо шаҳрванд Зарина Соева, ки баъди ҷудо шудан аз ҳамсари аввалаш дар тарбия худ ду фарзанди ноболиғ доштааст, никоҳи мусалмонӣ карда, зиндагии якҷоя доштаанд. Ҳамчунин аз ин зиндагии муштарак як фарзанд низ доштаанд.

Бино ба навиштаи торнамои Додгоҳи Душанбе, ин ниҳод муайян кардааст, ки Исанов аз вазъияти набудани ҳамсараш дар хона истифода карда, нисбат ба фарзандони ҳамсараш – духтару писари ноболиғ ҳаракатҳои бадахлоқонаи ҷисмонӣ содир намуда, борҳо ба номусашон таҷовуз кардааст.

Дар навиштаи торнамои додгоҳ омадааст, ки Исанов ноболиғонро таҳдид кардааст, ки аз ин амалкардҳои ӯ ба модарашон шикоят набаранд.

Додгоҳ бар асоси далелҳои овардааш Исанов Турғунро бар пояи моддаҳои 138, қисми 3, банди “а” ва 139, қисми 4 ,банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ҳабси якумра кардааст, ки ҷазоро дар муассисаии ислоҳии дорои низоми махсус, адо мекунад.

Ҳанӯз назари ҷонибҳои ин қазияи додгоҳӣ барои расонаҳо муълум нест, вале додгоҳ гуфтааст, ки ташхиси тиббиву додгоҳӣ мавридҳои таҷовуз ба номуси ҳар ду ноболиғро таъйид кардааст.

Ин ҳукми Додгоҳи Душанбе алайҳи Исанов дар ҳолест, ки моҳҳои ахир чандин ҳодисаи таҷовуз ба номуси ноболиғон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Чанде пеш Додситони кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки Юсуф Зиёев, як шаҳрванди дигар барои таҷовуз ба номуси як кӯдаки 3-сол низ ба ҳукми ҳабси абад маҳкум шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.