Муовини сарвазир дар ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ риояи қонунро талаб кард

Муовини сарвазири Тоҷикистон, ҳамзамон роҳбари комиссияи ҷумҳуриявии ташкили даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ Ширин Исматуллозода рӯзи 16 сентябр ҷаласаи аввалини комиссияро баргузор намуд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар кори ҷаласа намояндагони сохторҳои марбутаи вобаста ба даъвати ҳарбӣ иштирок карданд. Муовини сарвазир таваҷҷуҳи […]

Муовини сарвазири Тоҷикистон, ҳамзамон роҳбари комиссияи ҷумҳуриявии ташкили даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ Ширин Исматуллозода рӯзи 16 сентябр ҷаласаи аввалини комиссияро баргузор намуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар кори ҷаласа намояндагони сохторҳои марбутаи вобаста ба даъвати ҳарбӣ иштирок карданд.

Муовини сарвазир таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили муоинаи тиббии хушсифати даъватшавандагон, санҷиши сатҳи саводнокии онҳо, фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимият дар кори тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас, роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар маъракаи даъват ҷалб намуд.

Ӯ аз шахсон ва сохторҳои масъул талаб кард, ки дар ҷараёни даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ қонунро қатъиян риоя намуда, ба ҳолатҳои маҷбурӣ даъват кардан (облава) роҳ надиҳанд.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ду моҳ – октябр ва ноябр ҷараён мегирад. Ҳамасола шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хизмат даъват карда мешаванд.

Мувфиқи маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамасола тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват мешаванд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ умр ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо муҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.