Раиси коммунистҳо: Дар 64 шаҳру ноҳия ҳайкали Ленинро барқарор мекунем

Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон  дар як мусоҳибааш бо нашрияи “Тоҷикистон” гуфтааст, ки дар ҳамаи 64 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ҳайкалҳои Ленинро барқарор мекунем. Раиси коммунистҳои тоҷик гуфтааст, ки “Баъзе ҳайкалҳои Ленинро, ки дар шаҳру ноҳия буданд ва ба ҷояш пояи пояи парчам насб карданд, дубора барқарор карда истодаем. […]

Asia-Plus

Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон  дар як мусоҳибааш бо нашрияи “Тоҷикистон” гуфтааст, ки дар ҳамаи 64 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ҳайкалҳои Ленинро барқарор мекунем.

Раиси коммунистҳои тоҷик гуфтааст, ки “Баъзе ҳайкалҳои Ленинро, ки дар шаҳру ноҳия буданд ва ба ҷояш пояи пояи парчам насб карданд, дубора барқарор карда истодаем. Масъалан дар ноҳияи Қубодиён, Фархор, шаҳри Норак ва дар маҷмуъ 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҳайкалҳои Ленинро дубора барқарор мекунем”.

Пешвои коммунистҳо ҳамчунин гуфтааст, ки агар дар интихобот шикаст бихӯрад рӯҳафтода намешавад ва корашро давом медиҳад.

Мироҷ Абдуллоеви 72-сола,ки барои ҷомеаи сиёсии Тоҷикистон ноошно буд, соли 2017 ба ҷойи Шодӣ Шабдолов раиси ҲКТ шуд ва дар интихоботи порлумонии моҳи марти имсол вакили Маҷлиси намояндагон аз ноҳияи Муъминобод шуд.

Мавзуъи баркандану барқарор кардани ҳайкалҳои Ленин дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ ҳисоб мешавад, ки дар гузашта боиси сару садоҳои зиёд шудааст. Аз ҷумла аввалин ҳайкали Ленин дар майдони "Озодӣ", ҳоло "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 барканда шуд. Намоиши муфассал аз ҷараёни кандани ҳайкали Ленин тавассути телевизион норизоияти ҳизби коммунист ва ҷонибдоронашро ба вуҷуд овард ва ҳатто боиси барканории Қадриддин Аслонов, раиси вақти парлумон ва кафили вақти раёсати Тоҷикистон шуд. Баъдан пас аз сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон то 10-15 сол касе ба баркандани ҳайкалҳои Ленин иқдом намекарда, вале сар аз соли 2005 ҳайкалҳои Ленин дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба тадриҷ барканда шуданд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо раҳбарии Шодӣ Шабдолов он замон борҳо аз ин кор норизоятӣ ва ҳато ин масъаларо чандин бор дар порлумон матраҳ карда буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.