Раҳматилло Зоировро баъди ҷамъоварии маълумоти муҳим лату кӯб карданд

Раҳматилло Зоиров Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми 22-юми сентябр аз ҷониби шахсони номаълум дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ин ҳамла дар назди хонаи ӯ соати 18:20 дақиқа рух додааст. Ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пас аз бозгашт аз як сафари ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маълумотҳои гуногун аз тақаллуби раҳбарони шаҳру […]

Раҳматилло Зоиров Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми 22-юми сентябр аз ҷониби шахсони номаълум дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ин ҳамла дар назди хонаи ӯ соати 18:20 дақиқа рух додааст.

Ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пас аз бозгашт аз як сафари ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маълумотҳои гуногун аз тақаллуби раҳбарони шаҳру ноҳияҳо мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Инчунин Зоиров дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, ки аз ин сафар “маводи зиёде доир ба мардум дар мавриди дидор бо презденти кишвар ҷамоварӣ намудам, бояд ин маълумотро  фавран ҷамъбаст ва таҳлил менамудам”

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи ВКД Тоҷикистон ба "Asia-Plus" гуфт, ки Зоиров  ба милиса шикоят накардааст ва ҳамчунин ин гуна ҳодиса дар ВКД то кунун номнавис нашудааст.

Зоиров навиштааст, ки рӯзи 22 сентябр 20 метр дуртар аз маҳалли истиқоматияш, дар поёни роҳ назди зинапоя, ду шахси номаълум ногаҳон аз қафо ба ӯ ҳамла карданд. Яке аз онҳо ду зарба аз қафо зад,  зарбаи авввал дар сарам ва зарбаи дуюм дар чашмам. Дуюмин  манро бо тамоми қувват ба об тела дод, вақте ки афтодам, китфи чапам зарба хурд, дар обрав  афтодам.

Раиси ҲСДТ навиштааст, ки баъди ин 4-5 дақиқа беҳуш шудааст  ва баъди ба ҳуш омадан касеро дар гирду атрофаш надидааст. Раиси 63-солаи сотсиалдемкоратҳо гуфтааст, ки баъди ба ҳуш омадан ба хона рафта ҷойҳои захмбардоштаашро дору кардааст.

Ин бори аввал нест, ки Раҳматилло Зоиров  мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор мегирад. Аммо то кунун мақомот шахсияти афроди Зоиров ҳамлакардаро ошкор накардаанд.

Аммо ин бор Зоиров нагуфтааст, ки аз ҳамлаи ахир ба мақомот шикоят мекунад ё не.

Ҳизби сотсиал-демкорати Тоҷикистон аз нигоҳи коршинсон ягона ҳизби сиёсии мухолифи воқеӣ дар Тоҷикистон аст, ки интихоботи президентии 11-уми октябрро таҳрим кард ва аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки дар он ширкат накунанд. Зоиров пеш аз таҳрим кардан, таъин шудани интихоботро дар 11-уми октябр ғайриқонунӣ эълон карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.