Даргузашти адабиётшиноси маъруфи тоҷик Юсуф Акбарзода

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Юсуф Акбарзода рӯзи 15 октябр дар синни 82-солагӣ  дар манзилаш даргузаштааст. Дар ин бора пайвандони академик Акбарзода хабар додаанд. Ба гуфтаи наздикони адабиётшинос ӯ вақтҳои ахир аз бемории пой азият кашида, бистарӣ буд. Юсуфи Акбарзода 1 майи соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Соли 1953 мактаби ҳафтсолаи деҳа, […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Юсуф Акбарзода рӯзи 15 октябр дар синни 82-солагӣ  дар манзилаш даргузаштааст. Дар ин бора пайвандони академик Акбарзода хабар додаанд.

Ба гуфтаи наздикони адабиётшинос ӯ вақтҳои ахир аз бемории пой азият кашида, бистарӣ буд.

Юсуфи Акбарзода 1 майи соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Соли 1953 мактаби ҳафтсолаи деҳа, соли 1956 мактаби миёнаи деҳаи Ғӯсарро хатм кардааст. Ӯ хатмкардам факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд буда, солҳо бо ҳайси корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ шудааст.

Ӯ солҳои 1963—1964 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Як мудат дар  солҳои 1966—1968 муҳаққиқи коромӯзи Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳони ба номи Максим Горкийи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият намудааст.

Инчунин Юсуф Акбарзода мудати 3 сол дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кор кардааст. Баъдан фаъолияташро дар пажӯҳишгоҳи мазкур идома бахшидааст. Аз апрели 1991 то майи 1994 ходими калони илмӣ, аз соли 1995 ходими пешбари илмии Кумитаи истилоҳоти АИ ҷумҳурӣ будааст. Ҳамзамон, аз марти 2000, ноиби раис, аз сентябри 2006 то майи 2010 раиси Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ, аз июли 2008 то барҳам хӯрданаш (2012) раиси Бунёди Оли Сомон будааст. Сармуҳаррири маҷаллаи илмии Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ «Варорӯд» (2004) буда, дар авроқи он силсилаи осори устодони донишкадаи мазкур ва навиштаҷоти баъзе журналистони ҷумҳурӣ таҳти таҳрири ӯ мунташир гардидаанд. Соли 1973 дар мавзӯи «Достони лирикӣ дар назми имрӯзаи тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Юсуф Акбарзода яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти советии тоҷик  Инкишофи жанрҳо» (иборат аз шаш ҷилд) мебошад, ки қисмати ба ӯ тааллуқдошта таҳти унвони «Шеъри тоҷикии нимаи дувуми садаи бист» (2011) ба дасти чоп расидааст.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” даргузашти ин донишманди варзидаи соҳаи адабиётишиносии тоҷикро талафоти ҷуброннопазире барои илми тоҷик медонад ва ба хонаводаи эшон, наздикону пайвандонаш дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.