ХФА дар вилояти Маскав террористи эҳтимолиро дастгир кард

Дар вилояти Маскав аз амали террористӣ пешгирӣ шуд, хабар медиҳад РИА Новости. Тибқи маълумоти Хадамоти федералии амният (ХФА), кормандони сохторҳои қудратӣ зодаи 21-сола Осиёи Марказиро дастгир кардаанд. Бо дастури террористони байнулмилалӣ ӯ ба “яке аз биноҳои мақомоти ҳокимият” ҳамла омода мекардааст. Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, пас аз содир намудани амали террористӣ мард ният доштааст, […]

Asia-Plus

Дар вилояти Маскав аз амали террористӣ пешгирӣ шуд, хабар медиҳад РИА Новости. Тибқи маълумоти Хадамоти федералии амният (ХФА), кормандони сохторҳои қудратӣ зодаи 21-сола Осиёи Марказиро дастгир кардаанд.

Бо дастури террористони байнулмилалӣ ӯ ба “яке аз биноҳои мақомоти ҳокимият” ҳамла омода мекардааст.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, пас аз содир намудани амали террористӣ мард ният доштааст, ки ба Ховари Миёна равад.

Дар пинҳонгоҳи боздоштшуда таркибҳои бомбаи худсохт, мукотиба бо ҷангиён, дастурамалҳои тайёр кардани маводи тарканда ва сабти видео бо савгандёдкунӣ ба саркардагони террористҳо дарёфт шудааст.

Савгандро ӯ бо забони тоҷикӣ талаффуз мекунад.

Директори ХФА Александр Бортников тобистон изҳор дошта буд, ки тайи 9 соли охир дар Русия аз наздики 160 амали террористӣ, аз ҷумла соли 2019 аз 43 амал ва соли ҷорӣ – аз зиёда аз 20 чунин амал пешгирӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.