Олтой: ҳукми 12 соли зиндон ба тоҷикистонӣ барои ҳамдастӣ бо террористон

Суди ҳарбии ҳавзаи шарқии Хабаровск шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар кишвари Олтой боздошт шуда буд, дар ҳамдастӣ бо террористон гунаҳкор эътироф кард, хабар додаанд ба “Интерфакс” аз маркази матбуоти Раёсати минтақавии Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Русия рӯзи панҷшанбе. “Ба Илҳомхӯҷа Иброҳимҷонов бо назардошти маҷмӯи ҷиноятҳои содиркарда ҷазои 12 соли зиндон таъин шуд, ки 3 соли аввалро […]

Суди ҳарбии ҳавзаи шарқии Хабаровск шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар кишвари Олтой боздошт шуда буд, дар ҳамдастӣ бо террористон гунаҳкор эътироф кард, хабар додаанд ба “Интерфакс” аз маркази матбуоти Раёсати минтақавии Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Русия рӯзи панҷшанбе.

“Ба Илҳомхӯҷа Иброҳимҷонов бо назардошти маҷмӯи ҷиноятҳои содиркарда ҷазои 12 соли зиндон таъин шуд, ки 3 соли аввалро дар маҳбас ва муҳлати боқимондаро дар зиндони низомаш сахт адо мекунад”, – гуфтаанд дар хадамот.

Корҳои тафтишоти парванда нисбат ба Иброҳимҷонов дар кишвари Олтой моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расид.

Муфаттишон ошкор кардаанд, ки ӯ дар Барнаул бо патент кору зиндагӣ карда, бо аъзои созмони фаъолияташ манъшудаи “Давлати исломӣ” робита доштааст: розигӣ додааст, ки ба сафҳои ин созмон пайваста, ба минтақаи низоъ равад. Бо гирифтани мукофотпулӣ ӯ вазифаҳои ҷамъоварии маълумот дар бораи макони ҷамъшавии зиёди мардум (издиҳоми одамон) ва биноҳоро бо ҷузъиёти мавзеи ҷойгиршавиашон ҷамъоврӣ мекардааст.

Гуфта мешавад, ҳамаи ин амалҳоро ӯ бо ёрии шабакаи махсуси алоқаи дар Интернет таъсисдода барои ҳалли масоили марбут ба фаъолияти террористӣ анҷом медодааст.

“Ӯ дар фурудгоҳи Барнаул ҳангоми парвоз ба Маскав ва минбаъд сафар ба Ховари Миёна барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳи созмони фаъолияташ дар Русия манъшудаи “Давлати исломӣ” дастгир шуд”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.