Дар Тоҷикистон 24 октябр моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз оғоз мешавад

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо (GIZ) Ҷамъияти Олмонї оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аксияи фосилавии (онлайнӣ)  “моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” –ро эълон менамояд. Душанбе, Тоҷикистон: – Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Олмонї оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) “амалиёти моҳонаро оид ба рушди иқлими сабз, ҳамчун бахши шарикӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ оид ба мутобиқшавӣ […]

Таблиғотӣ

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо (GIZ) Ҷамъияти Олмонї оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аксияи фосилавии (онлайнӣ)  “моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” ро эълон менамояд.

Душанбе, Тоҷикистон:  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Олмонї оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) “амалиёти моҳонаро оид ба рушди иқлими сабз, ҳамчун бахши шарикӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ тибқи уҳдадориҳои Созишномаи байналмилалии Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Конвенсияи гуногунии биологӣ оғоз менамояд.

“Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” санаи 24 октябри соли 2020 оғоз шуда, бо як қатор тадбирҳои фосилавӣ, аз қабили мусобиқаҳои ҳунарӣ, викторинаҳо, силсилаи подкаст ва маърӯзаҳои коршиносон идома ёфта, бо баҳсҳои зинда бо иштироки намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ санаи 20 ноябри соли 2020 ба поён мерасад.

“Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” бар пояи эҷоди тафаккури пешрафта оид ба масъалаҳои муҳити зист, тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳон рӯйи даст гирифта шудааст. Ҳадафи ташаббуси номбурда боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва огоҳӣ оид ба масъалаҳои мазкур буда, аз тариқи чорабиниҳои фосилавӣ дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он дастрас мебошанд.Чорабиниҳои мазкур дар доираи амалисозии мавзӯъҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва иқлим бо санадҳои миллии кишвар мутобиқ мебошанд.

Тағйирёбии иқлим оқибатҳои коҳишёбии муҳити зистро шиддат бахшида, ба баъзе бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст дар раванди банақшагириҳои соҳавӣ мисли тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷират ин масъала ба инобат гирифта шавад.

Илова бар ин пандемияи бемории сироятии ковид 19 натиҷаҳои таъсири ногувори худро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷаҳон нишон дод.

Ба иловаи таъсирҳои мустақими он дар низоми тандурустӣ, таъсири бевосита ба раванди ҳаёти мо низ дорад, бахусус рӯ овардан ба воситаҳои электронӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд. Чораҳои саривақтии зарурӣ ҳамроҳ бо тадбирҳои коҳиши таъсири буҳрони ҳозира кафолат ба таъмини амнияти  муҳити зист ва ояндаи устувор барои мардуми Тоҷикистон мебошанд.GIZ ба намояндагӣ аз Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Вазорати Муҳити зист, ҳифзи табиат ва амнияти ҳастаӣ, идораи устувори захираҳои табииро бо шарикони миллӣ ва маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Тавассути чанд лоиҳа, талошҳои якҷоя ҷиҳати ҳимояти муҳити ягона ва қиммати Осиёи Миёна, боло бардоштани сатҳи зиндагӣ дар деҳот ва тобоварии физикӣ ва иҷтимоияшонро тақвият бахшад.

Дар чорабиниҳои “моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” иштирок намо ва дар нигоҳ доштани иқлими муътадили Тоҷикистон саҳмгузор бош! Маълумоти бештар роҷеъ ба чорабинӣ ва иштирок дар онро метавонед дар сомонаи  https://www.facebook.com/tajnature.tjhttp://tajnature.tj/ пайдо намоед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.