5 хато ҳангоми баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Чӣ гуна бояд баҳс кард?

“Ҳақиқат зодаи баҳс аст!” мегӯяд мақоли халқӣ. Аммо, барои он ки баҳс ба як партови баёнияҳои бетартиб табдил наёбад ва мухолифонро воқеан ба ҳақиқат ҳидоят кунад, бояд қоидаи баҳсро донист. Аксар вақт баҳс аз мавзӯи асосӣ дур мешавад, бештар вақт баъд аз он, ки яке аз иштирокчиён дар баҳс ба хатои мантиқӣ роҳ медиҳаду далели […]

"Се нуқта"

“Ҳақиқат зодаи баҳс аст!” мегӯяд мақоли халқӣ. Аммо, барои он ки баҳс ба як партови баёнияҳои бетартиб табдил наёбад ва мухолифонро воқеан ба ҳақиқат ҳидоят кунад, бояд қоидаи баҳсро донист.

Аксар вақт баҳс аз мавзӯи асосӣ дур мешавад, бештар вақт баъд аз он, ки яке аз иштирокчиён дар баҳс ба хатои мантиқӣ роҳ медиҳаду далели нолозимро меорад. Ҳамин тавр “яке аз ашад мегӯяду дигар аз машад”. Ин ҳеҷ гоҳ баҳси солим нест ва ба ҳақиқат намеорад.

Мутаассифона, ин хатоҳо на ҳамеша возеҳанд ва ҳатто шахсе, ки хато мекунад, метавонад инро надонад. Аз ҳама чизи муҳим ин аст, ки на танҳо дар баҳсҳои ҳамсӯҳбат, балки дар суханони худ ҳам хатоҳо дидаву эътироф карда шаванд.

Лоиҳаи минтақавии “Се нуқта” (Три точки. Знай, что смотришь) ва IDEA Central Asia чанд маслиҳат барои хатоҳои асосӣ ҳангоми баҳсро омода кардаанд, ки онро ба шумо пешкаш мекунем.

Хатои №1 Изҳороти беасос

Мисол: "Мо бояд ба Конститутсия тағирот ворид кунем, зеро онҳо сифати зиндагии аҳолиро сифатан беҳтар хоҳанд кард"

Изҳорот бидуни ҳеҷ гуна далелҳои воқеӣ наметавонад боиси баҳс шавад. Масалан, агар як номзад дар баромади худ гӯяд, ки бояд ба ҳизби ӯ овоз диҳанд, зеро он нақшаи рушди устувори иқтисоди минтақаро дорад, ин як изҳороти беасос аст. Он бояд бо маълумоти мушаххас ва воқеӣ асоснок карда шавад. Ҳизб маҳз чӣ гуна минтақаро пеш мебарад, сиёсатмадор дар ин самт чӣ гуна тадбирҳо меандешад, дар доираи барномаи худ кадом соҳаҳо ва чӣ гуна рушд хоҳанд кард… Ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоби мушаххас бо мисолҳо бояд оварда шавад. Бидуни ин, изҳорот беасос мемонад ва ба таври ҷиддӣ қабул карда намешавад.

Хатои №2 Пас аз = оқибат

Мисол: Баъди гирифтани ваксина ба кӯдак ташхиси аутизм гузошта шуд.

Ин хатои мантиқӣ на танҳо аз ҷониби мусоҳибони баҳсҳо, балки журналистон низ содир карда мешавад. Агар чизе пас аз ягон амал рух дода бошад, пас муносибати байни ин ду ҳодиса бояд исбот карда шавад. Ин як усули маъмули дасткорӣ (манипулятсия) аст. Дар асл, иттилоот метавонад боэътимод бошад: кӯдак дар ҳақиқат ваксина гирифта метавонист ва пас аз муддате, духтурон дар ӯ бемории аутизм ташхис кунанд. Аммо, пас аз хондани сарлавҳа дар мисоли мо, мағзи сар автоматӣ силсилаи мантиқиро дар байни эмкунӣ ва аутизм пурра мекунад, ҳарчанд ин пайвастагӣ исбот нашудааст.

Хатои №3 Ҷамъбасти шитобкорона

Мисол: "Ҳамаи мардуми англис чойро дӯст медоранд"

Яъне, аломату сифатҳое, ки дар объектҳои алоҳидаи баҳс муайян шудаанд, ҳамчун аломатҳои тамоми гурӯҳе, ки ин объект тааллуқ дорад, баррасӣ карда мешаванд. Ин хатои мантиқӣ аксар вақт боиси эҷоди стереотипҳои нав ва ё мустаҳкам шудани стереотипҳои кӯҳна мегардад. Ҷамъбасти шитобкорона аксар вақт натиҷаи ғараз ва бадгумонии мост. Ҳатто тамоюли воқеӣ барои умумикунонӣ асос нест.

Хатои №4 Гиперболизатсия

Мисол: "Агар мо ба фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар мағозаҳо иҷозат диҳем, пас фардо дар он ҷо маводи мухаддир низ пайдо мешавад".

Одатан, ҳадафи ин усул то ба дараҷаи бемаънӣ расониданн, далел ё пешниҳоди рақибро дидаву дониста зиёд кардан, то ба назар имконнопазир ва мантиқӣ намояд. Яъне, рақиб фикри шуморо масхара ё таҳқир мекунад, то далелҳои шумо суст ба назар расанд. Техникаи мазкур вақте истифода мешавад, ки шахс далелҳои кофӣ барои исботи мавқеи худ надошта бошад.

Хатои №5 Коршиноси шубҳаовар

Мисол: "Коршиноси амнияти рақамӣ Евгений Касперский антивируси NOD32 -ро беэътибор мешуморад"

Аз мисоли мо фаҳмидан осон аст, ки Евгений Касперский дар ин маврид наметавонад ташхиси объективӣ гузаронад, зеро худи ӯ соҳиби як ширкати рақобатбардори антивирус мебошад. Аммо, аксар вақт чунин муноқишаи манфиатҳо ҳангоми мубоҳисаҳо пинҳон мемонад ва андешаи коршинос, ки объективӣ буда наметавонад, ҳамчун далел қабул карда мешавад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.