Марҳилаи интихобии озмуни «Зебосанам – 2019» барои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор шуд.
Гулдухтарони аз 18 то 28-солае, ки қомати расо, симои зебо, ҳунари воло ва маҳорати суханварӣ доранд, дар ин озмуни ширкат варзиданд.
Даври аввали марҳилаи интихобии озмун (кастинг) аллакай дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ доир гардид.
Иштирокчиён ва ғолибонро туҳфаҳои арзанда интизор аст. Бурди асосӣ – 50000 сомонӣ.
Мақсад аз баргузории озмун эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ ва инкишофи маҳорати суханварии ҷавондухтарон мебошад.
Озмуни мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» дар ҳамбастагӣ бо Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бахшида ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.