Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи Ҳаҷҷро дод

Подшоҳии Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро шомили кишварҳое кард, ки шаҳрвандонашон ҳақ доранд маросими Умраро ба ҷо биоранд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дини Тоҷикистон. Ин тасмим дар доираи марҳилаи сеюми содатар кардани меърҳои маҳдудкунанада дар давраи ҳамагирии коронавирус гирифта шудааст. “Мо дар расонаҳо хондем, ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи Умра карданро додааст.  Дар ҳоли […]

Подшоҳии Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро шомили кишварҳое кард, ки шаҳрвандонашон ҳақ доранд маросими Умраро ба ҷо биоранд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дини Тоҷикистон.

Ин тасмим дар доираи марҳилаи сеюми содатар кардани меърҳои маҳдудкунанада дар давраи ҳамагирии коронавирус гирифта шудааст.

“Мо дар расонаҳо хондем, ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи Умра карданро додааст.  Дар ҳоли ҳозир раҳбарии ширкатҳои “Расул” ва “Ормон”, ки ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Тоҷикистон ба умра сару кор доранд, машғули омода кардани санадҳои лозим барои сафарбар кардани гуруҳи аввал ҳастанд”,-гуфт сухангӯйи Кумитаи дин Афшин Муқим.

Бино ба маълумоти Кумитаи дин, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷҷи Умраро анҷом дода буданд.

Вазорати Ҳаҷҷ ва Умраи Саудӣ хабар додааст, ки зоирин бояд қарантини серӯзаро ҳангоми расидан ба ин кишвар пушти сар кунанд. Ҳамчунин тибқи қоидаҳои давраи ҳамагирии коронавирус зоирин бояд пеш аз 72 соати расидан ба  Саудӣ бояд тест супорида бошанду маълумотномаи гирифтор набудан ба коронавирусро дошта бошанд.

Мувофиқи қоидаҳои нав дар ин марҳила танҳо ба шаҳрвандони аз 18 то 50-сола иҷозаи адо кардани маросими умра дода мешаваду халос. Ҳамчунин зоирини хориҷӣ имсол дар Саудӣ ба гуруҳҳо ҷудо карда мешаванд, ки як гуруҳ набояд бештар аз 50 нафар бошад.

Ёддовар мешевем, ки бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.