Майя Санду аз раисҷумҳури феълии Молдова бештар овоз гирифт

Date:

Дар интихоботи президентии Молдова бо 35,61% овозҳо баъди ҳисоби 99%-и протоколҳо Майя Санду пешсаф аст.

Бино ба иттилои evronews.com, роҳбари ҳизби оппозисиюни Ҳизби амал ва ҳамбастагии Аврупо Майя Санду дар даври аввали интихоботи президентии Молдова 35,61% овозҳои интихобкунандагон  касб кард.

Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури феълӣ Игор Додон 33.01% -и раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Инҳо маълумоте мебошанд, ки Комиссияи марказии интихобот дар асоси ҳисобкунии 99,11%-и протоколҳо нашр кардааст.

Гуфта мешавад, ҳеҷ кадоме аз номзадҳо зиёда аз 50%-и овозҳоро ба даст оварда натавониста, бинобар интихобот дубора доир гардида, дар он ғолиби интихобот муайян мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Комиссияи марказии интихоботи Молдова интихоботро баргузоршуда эътироф намуд, зеро ҳадди талабмекардаи иштирок дар интихоботи ин кишвар 33,33%-ро ташкил медиҳад. Дар ин маърака беш аз 40% раъйдҳандагон овоз доданд. Интихоботи дубора рӯзи 15 ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...