Майя Санду аз раисҷумҳури феълии Молдова бештар овоз гирифт

Дар интихоботи президентии Молдова бо 35,61% овозҳо баъди ҳисоби 99%-и протоколҳо Майя Санду пешсаф аст. Бино ба иттилои evronews.com, роҳбари ҳизби оппозисиюни Ҳизби амал ва ҳамбастагии Аврупо Майя Санду дар даври аввали интихоботи президентии Молдова 35,61% овозҳои интихобкунандагон  касб кард. Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури феълӣ Игор Додон 33.01% -и раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. […]

Дар интихоботи президентии Молдова бо 35,61% овозҳо баъди ҳисоби 99%-и протоколҳо Майя Санду пешсаф аст.

Бино ба иттилои evronews.com, роҳбари ҳизби оппозисиюни Ҳизби амал ва ҳамбастагии Аврупо Майя Санду дар даври аввали интихоботи президентии Молдова 35,61% овозҳои интихобкунандагон  касб кард.

Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури феълӣ Игор Додон 33.01% -и раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Инҳо маълумоте мебошанд, ки Комиссияи марказии интихобот дар асоси ҳисобкунии 99,11%-и протоколҳо нашр кардааст.

Гуфта мешавад, ҳеҷ кадоме аз номзадҳо зиёда аз 50%-и овозҳоро ба даст оварда натавониста, бинобар интихобот дубора доир гардида, дар он ғолиби интихобот муайян мешавад.

Комиссияи марказии интихоботи Молдова интихоботро баргузоршуда эътироф намуд, зеро ҳадди талабмекардаи иштирок дар интихоботи ин кишвар 33,33%-ро ташкил медиҳад. Дар ин маърака беш аз 40% раъйдҳандагон овоз доданд. Интихоботи дубора рӯзи 15 ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.