Байден дар як шаҳру Трамп дар шаҳри дигар пирӯз шуданд

Дар интихоботи президентии ИМА тақрибан 100 миллион нафар овоз доданд. Бино ба гузориши CNN дар шаҳри хурди Амрико Диксвилл Нотч (Ню-Ҳемпшир) натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии ИМА ҷамъбаст карда шуданд. Номзади демократҳо, собиқ ноиби президенти ИМА Ҷо Байден ҳамаи панҷ раъйро ба даст овард. Диксвилл Нотч яке аз аввалин шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида гардид, ки натиҷаҳои раъйдиҳиро […]

Дар интихоботи президентии ИМА тақрибан 100 миллион нафар овоз доданд. Бино ба гузориши CNN дар шаҳри хурди Амрико Диксвилл Нотч (Ню-Ҳемпшир) натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии ИМА ҷамъбаст карда шуданд.

Номзади демократҳо, собиқ ноиби президенти ИМА Ҷо Байден ҳамаи панҷ раъйро ба даст овард. Диксвилл Нотч яке аз аввалин шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида гардид, ки натиҷаҳои раъйдиҳиро ҷамъбаст кард. Қитъаи овоздиҳӣ дар ин шаҳр пас аз нисфи шаб кушода шуд. Ҳар касе, ки ҳаққи раъй дошт, дар тӯли якчанд дақиқа раъй дод.

Дар шаҳри ҳамсоя Миллсфилд, ки дар он нуқтаҳои раъй низ дар нимашаб кушода шуданд, номзади ҷумҳурихоҳон, президенти барҳоли ИМА Доналд Трамп пирӯз шуд. 16 интихобкунанда ба ӯ, панҷ нафар ба Байден овоз доданд.

Тавре ки CNN мегӯяд, Диксвилл Нотч ҳамеша диққати рӯзноманигоронро ҷалб мекунад, аммо натиҷаҳои интихобот дар шаҳр одатан имкон намедиҳанд, ки президенти ояндаи ИМА муайян шавад. Тавре соли 2016 Ҳиллари Клинтон дар ин шаҳр пирӯз шуд, аммо коллеҷи интихоботӣ пирӯзиро ба Трамп дод.

Дар матлаби Лоиҳаи интихоботи Иёлоти Муттаҳидаи Донишгоҳи Флорида гуфта мешавад, ки дар интихоботи президентӣ аллакай зиёда аз 99 миллион интихобкунандаҳо, шахсан ё тавассути почта овоз доданд. Ин тақрибан 40%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.