Аз дурахшонтарин чеҳраи шеъри муосири тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ, ки имрӯз 56-сола мешаванд, субҳ пурсидаанд, ки чӣ ҳадяе ба зодрӯзаш биоваранд. Ӯ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки посух додааст: “саодати аҳли оламро ба ман ҳадя оред”.
Фарзонаи аз чеҳраҳои маъруфи шеъри муосири тоҷик, имрӯз 3-юми ноябр ба синни 56 расид. Ӯ имрӯз дар сӯҳбат бо Азия-Плюс гуфт, ки пас аз бемории баҳор, ки илтиҳоби шуш шуда буд, вазъи сиҳатиаш хеле хуб аст, аммо бинобар “тарки олам кардани инсонҳои хело наҷиби кишвар вазъи рӯҳияшро каме пурташаннуҷ сохтааст”.
“То замоне, ки ҷаҳон ором шаваду халқи олам бо саодат нафас кашанд, то замоне, ки Ватани мо низ аз ин балову бадбахтӣ, ки ба сари банни башар омад раҳо шавад, мо он вақт эҳсоси комили саодат мекунем”.
Шоир Фарзона мегӯяд, дар рӯзи мавлудаш аслан дар хона аст ва бисёр ба табрикаш меоянду шодбош мегӯянд. Вай гуфт, субҳи рӯзи 3-уми ноябр табрикоти Ҳукумати кишвар, сарвазири кишвар, раиси вилояти Суғдро ба ӯ расониданд ва шаҳрдори Хуҷанд низ ба табрикаш омад.
"Дар як вазъи душвори бемории ҳамагир, ки ҷаҳон аз он ором нест, ба табрикам омаданд. Дар чунин вазъ ба ҷашни комил ҳақ надорам, чун ҷаҳон мавзуну ором нафас намекашад. Азбаски ин бохтҳову қурбониён зиёд шуданд, дилам эҳсоси шодии комил надорад” – мегӯяд ӯ.
“Орзу мекунем, ки ҷаҳон маъмани саодатгоҳ шавад, Ватани мо – муҳаббаткадаи мо хуррам бошад. Раҳо аз ҳама андӯҳҳо ва мову шумо эҳсоси иду нишот дошта бошем. Чанд танд дӯстони мо ҷаҳонро тарк карданд. Ҷаҳон холӣ шуд бе ҳузури онҳо. Умедвор ҳастем, ки ин нафарҳое, ки ҳастанду шонси зиндагӣ доранд, Худованди бузург умри наҷиби фархунда ба ҳама ҳадя кунад. Барои ман мавлуду милод ин аст, ки ҳамаи одамҳои оламро босаодат бинам. Хоҳарам аз ман пурсиданд, ки чӣ ҳадя барам. Гуфтам саодати аҳли оламро ба ман ҳадя оред”.
Фарзона хешро хеле хушбахт медонанд, ки шонси ифшои муҳаббат ба мардуми оламро дарёфтааст. Онҳое, ки аз эҷодиёту шеърҳояш баҳраманд гашта, каме бошад ҳам, дар дилашон падидаи меҳру ишқу имон, софиву некӣ ҷой гирифтааст, саодати бузурги худ меҳисобад.
“Умедвор ҳастам замоне фаро расад, ки ишқ аз хислати чандинасраи худ ба асри мову шумо низ бармегардад. Дигар ҳеҷ кас ҳамдигарро ба мазҳаби дигаргунааш, ақидаву андешаи дигаргунаш дунболагирӣ накунад”,- мегӯяд, Фарзона.
Миёнаҳои моҳи апрели соли равон Фарзона ҳамроҳ бо ҳамсараш Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш дар бемористон бо иллати зукоми мавсимӣ ва варами роҳи нафас бистарӣ шуда буданд. Он замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд, ки ин ду Шоири халқии Тоҷикистон ба коронавирус гирифтор шудаанд. Он замон Тоҷикистон ҳанӯз вуҷуди коронавируси COVID-19-ро расман эътироф накарда буд. Наздикони Фарзона ҳам он замон ба расонаҳо гуфта буданд, ки ӯ ва ҳамсараш ба коронавирус сироят наёфтаанд.
Духтурон он вақт гуфтанд, ки Фарзона зукоми мавсимиро сахт паси сар намуда, овозаш ҳам гирифта чанд муддат дар карантин ҳам буданд. Аммо ҳоло Фарзона мегӯяд, ҳамарӯза дар роҳ ҳаст ва солимияш низ побарҷост.
Фарзона баъди хурӯҷи густурдаи бемории ҳамагири COVID-19 муноҷотеро бо ном “Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор”-ро офарид ва онро гурӯҳе аз овозхонҳои Суғд низ иҷро карда буданд.
Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор,
Замину осмонҳоро нигаҳ дор.
Балорову ваборо дур андоз,
Тамоми пиру барноро нигаҳ дор.
Бимон, фарзанди одам рӯз бинад,
Навонав насли фардоро нигаҳ дор.
Ман ин ҷову ҷигарбанди ман он ҷост,
Ту ин ҷорову он ҷоро нигаҳ дор.
Замин чун гавҳаре рӯи кафи туст,
Ту ин лӯълӯи лолоро нигаҳ дор.
Худо гӯянд акнун бехудоён,
Ки, ё Раб, тоқи миноро нигаҳ дор.
Ба Наврӯзи нав овардӣ ҷаҳонро,
Баҳори тозаэҳёро нигаҳ дор.
Бани Одам якаъзо мешавад боз,
Ту ин пайванди зеборо нигаҳ дор.
Бароям Тоҷикистон тоҷи дунёст,
Худоҷон, тоҷи дунёро нигаҳ дор.
Суман нуру чаман нуру ватан нур,
Ту ин нури Таъолоро нигаҳ дор!
Ту ин нури Таъолоро нигаҳ дор!
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


