Ниҳоят: Вазири тандурустӣ аз хизматрасонии таваллудхонаҳо нигаронӣ кард

Date:

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозда имрӯз, 6 ноябр зимни шиносоӣ бо фаъолияти Таваллудхонаи №2 ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз амалу рафтори ғайрикасбии бархе кормандони таваллудхонаҳо изҳори нигаронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми вохрӣ бо роҳбароин беморхонаҳо ва кормандон, аз он нигаронӣ намудааст, ки рафтори ғайрикасбии бархе кормандони таваллудхонаҳо боис бар он мешавад, ки назари мардум ба кормандони соҳаи тандурустӣ, ки шабонарӯзӣ дар ҳифзи саломатии мардум хизмат мекунанд, то андозае манфӣ гардад.

Гуфта мешавад, ки вазири  тандурустӣ дар  муассисаҳои мазкур бо наздикону пайвандони як қатор беморон доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуд.

Дар анҷоми вохуриҳо ҷиҳати роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи одоби муошират бо беморон, омодагӣ ба давраи зимистон ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва Таваллудхонаи №2 дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд, – мегӯяд дафтари матбуоти вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...