Ниҳоят: Вазири тандурустӣ аз хизматрасонии таваллудхонаҳо нигаронӣ кард

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозда имрӯз, 6 ноябр зимни шиносоӣ бо фаъолияти Таваллудхонаи №2 ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз амалу рафтори ғайрикасбии бархе кормандони таваллудхонаҳо изҳори нигаронӣ намуд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми вохрӣ бо роҳбароин беморхонаҳо ва кормандон, аз он нигаронӣ намудааст, ки рафтори ғайрикасбии […]

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозда имрӯз, 6 ноябр зимни шиносоӣ бо фаъолияти Таваллудхонаи №2 ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз амалу рафтори ғайрикасбии бархе кормандони таваллудхонаҳо изҳори нигаронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми вохрӣ бо роҳбароин беморхонаҳо ва кормандон, аз он нигаронӣ намудааст, ки рафтори ғайрикасбии бархе кормандони таваллудхонаҳо боис бар он мешавад, ки назари мардум ба кормандони соҳаи тандурустӣ, ки шабонарӯзӣ дар ҳифзи саломатии мардум хизмат мекунанд, то андозае манфӣ гардад.

Гуфта мешавад, ки вазири  тандурустӣ дар  муассисаҳои мазкур бо наздикону пайвандони як қатор беморон доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуд.

Дар анҷоми вохуриҳо ҷиҳати роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи одоби муошират бо беморон, омодагӣ ба давраи зимистон ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва Таваллудхонаи №2 дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд, – мегӯяд дафтари матбуоти вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.