Давоми имрӯзу пагоҳ ба як қисмате аз шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ ба муддати як шабонарӯз қатъ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт. Аз ин рӯ, аз сокинони шаҳр дархост шуд, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.
Қатъи интиколи оби нӯшокӣ ба баргузории корҳои санҷишу таъмир дар истгоҳи таъмини оби “Худҷореъ” вобаста аст.
Интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00-и рӯзи 11 ноябр то соати 24:00-и рӯзи 12 ноябр ба чунин кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ мешавад:
– ноҳияи Исмоили Сомонӣ: маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ.
– ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77.
– ноҳияи Сино: маҳаллаҳои 10,11,12,13,14,15,15А,31, 82,83,84, 91,92,101,102,103,104,112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





