То 45 ҳазор рубл. Билетҳои хатсайри Душанбе-Маскави Utair аз ҳоло фурӯхта шудаанд

Ҳамаи билетҳо ба хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав, ки рӯзи 14 ноябр аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Utair-т Русия анҷом дода мешавад, аллакай фурӯхта шудааст. Тавре ба “Азия-Плюс” намояндаи ширкати Utair дар Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, билетҳо ба хатсайрҳои пешбинишуда ба рӯзҳои 21 ва 28 ноябр ҳоло ба фурӯш гузошта нашудааст. “Мутаассифона, хоҳишмандони аз Тоҷикистон ба […]

Ҳамаи билетҳо ба хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав, ки рӯзи 14 ноябр аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Utair-т Русия анҷом дода мешавад, аллакай фурӯхта шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” намояндаи ширкати Utair дар Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, билетҳо ба хатсайрҳои пешбинишуда ба рӯзҳои 21 ва 28 ноябр ҳоло ба фурӯш гузошта нашудааст.

“Мутаассифона, хоҳишмандони аз Тоҷикистон ба Русия парвоз кардан хеле зиёданд, лекин шумори ҷойҳо дар ҳавопаймо маҳдуд буда, мо хоҳиши ҳамаи онро иҷро карда наметавонем. Ҳамаи билетҳо ба хатсайри рӯзи 14 ноябр пешбинишудаи Душанбе-Маскав аллакай фурӯхта шудааст. Касоне, ки билет дастрас карда натвонистанд, метавонанд хатсайрҳои дигарро интизор шаванд”, – гуфт намояндаи ширкат.

Ба гуфтаи ӯ, билетҳоро дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ ва нуқтаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон ва Русия харидан мумкин аст.

“Ман алҳол маълумот надорам, ки билетҳо ба дигар хатсайрҳои пешбинишуда кай ба фурӯш бароварда мешаванд”, – иброз дошт вай.

Намояндаи ширкат қайд кард, ки ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе холӣ парвоз мекунад, аз ин рӯ, нархи билетҳо аз 42 то 45 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

“Агар ба баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия иҷоза мебуд, билетҳо хеле арзонтар мешуданд”, – илова кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш ширкати ҳавопаймоии Utair ҷиҳати анҷом додани парвозҳои чартерӣ бо хатсайрҳои Душанбе-Маскав ва Хуҷанд-Сургут аз мақомоти Тоҷикистон иҷозатнома гирифт.

Як парвоз рӯзи 7 ноябр аллакай анҷом дода шуда, дигар парвозҳо рӯзҳои 14, 21 ва 28 ноябр ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо бо хатсайри Хуҷанд-Сургут пас аз тартиб додани рӯйхати мусофирон анҷом дода мешаванд.

Хатсайрҳои мазкур барои аз хориҷа ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне, ки ҷиҳати вуруд ба Русия мутобиқи фармоиши ҳукумати Русия аз 16 март (№635) асос доранд, пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шахсоне, ки шаҳрвандии Русия надоранд, барои иҷозаи парвоз бояд хулосаи муассисаи тиббӣ дар бораи сироят надоштан аз коронавирус аз рӯйи натиҷаҳои супоридани тестро бо забони русӣ пешниҳод намоянд, ки на дертар аз се рӯз то замони вуруд ба Русия дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.