ТОП-10: Беҳтарин довталабони донишгоҳҳои Тоҷикистонро бишносед

Дар Душанбе маросими туҳфасупорӣ ба беҳтарин довталабони соли хониши 2018-2019 баргузор шуд. Онҳо имтиҳонҳоро бо баллҳои баландтарин – аз 430 то 492 балл аз 500 балли имконпазир супурданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ, дар ин маросим 11-нафарӣ (ҳамагӣ 22 нафар) аз довталабони ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. […]

Asia-Plus

Дар Душанбе маросими туҳфасупорӣ ба беҳтарин довталабони соли хониши 2018-2019 баргузор шуд. Онҳо имтиҳонҳоро бо баллҳои баландтарин – аз 430 то 492 балл аз 500 балли имконпазир супурданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ, дар ин маросим 11-нафарӣ (ҳамагӣ 22 нафар) аз довталабони ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Азбаски тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) натиҷаҳои дар ИМД-2018 бадастовардаи довталабони дар мақоми 10-ум ва 11-ум қарордошта баробар буд, ба даҳгонаи беҳтарин дар ИМД-2018 11 нафар дохил гардиданд. Инчунин, ҳарчанд дар ИМД-2019 ба даҳгонаи беҳтарин 10 нафар дохил гардида бошанд ҳам, 1 нафар аз ВМКБ ҳамчун довталаби беҳтарин аз ин вилоят интихоб гардид.

Зинаи аввали 10-гонаро дар соли 2019 Фирдавс Сайдалиев ишғол намуд, ки дар имтиҳонҳо аз 500 балли имконпазир 492 ва дар рейтинг аз 257 холи имконпазир 251 хол ба даст овард.

Ба довталабони беҳтарин ифтихорнома ва планшетҳо тақдим карда шуданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ҳавасмандсозии хонандагон ба супурдани имтиҳонҳо бо баллҳои баланд мебошад.

Қобили зикр аст, ки маросими туҳфасупорӣ ба 10-гонаи беҳтарин довталабон соли дуюм инҷониб баргузор шуда, лекин маросими туҳфасупорӣ ба онҳо бори нахуст доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.