Дар 5 ноҳияи Суғд Маркази ташхиси коронавирус ташкил мешавад

Дар ноҳияҳоиАшт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан ва Панҷакенти вилояти Суғд марказҳои ташхиси бемории коронавирус ташкил хоҳад шуд.  Ин тавофуқ рӯзи гузашта зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода бо намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон  Бахтигул Карраева ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Самараддин Ализода  ҳосил шудааст.  Сухангӯи раиси вилояти Суғд Музаффар […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Дар ноҳияҳоиАшт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан ва Панҷакенти вилояти Суғд марказҳои ташхиси бемории коронавирус ташкил хоҳад шуд. 

Ин тавофуқ рӯзи гузашта зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода бо намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон  Бахтигул Карраева ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Самараддин Ализода  ҳосил шудааст. 

Сухангӯи раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба “Азия-плюс” гуфт, дар назар аст, ки марказҳои ташхиси коронавирус  дар ин ноҳияҳо  то охири сол ба баҳрабардорӣ супурда шаванд.

“Масъалаи таъмини бино аз ҷониби ҳукумати вилоят ҳал гардида,  таҷҳизоту лавозимот ва  таъмини кадрҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дастгирӣ карда мешаванд”- гуфт манбаъ.

Бояд гуфт, ки то имрӯз танҳо дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд чунин ташхисгоҳ мавҷуд асту халос. 

Бино ба гуфтаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ноҳияҳои Ашт, Ғафуров,  Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва Панҷакент аз  минтақаҳои осебпазир дар ин вилоят маҳсуб мешаванд, аз ин хотир   дар ин ноҳияҳо чунин марказҳо  таъсис дода мешаванд.    

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.