БҶ бори аввал дар таҷрибааш ба афзоиши миқёси камбизоатӣ дучор мешавад

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки пандемияи коронавирус, ихтилофҳо ва таъсири падидаҳои иқлим вазъи камбизоатиро дар сайёра тағйир медиҳанд. Муаллифони гузориш навиштаанд, ки миқёси қашшоқӣ (камбизоатии ҳадди пасттарин) муддати қариб 25 сол мунтазам коҳиш ёфта, имсол бори нахуст дар ин давра рӯ ба афзоиш ниҳод. “Дар бисёр мавридҳо ин ба мушкилоти ҷиддӣ – […]

Asia-Plus

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки пандемияи коронавирус, ихтилофҳо ва таъсири падидаҳои иқлим вазъи камбизоатиро дар сайёра тағйир медиҳанд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки миқёси қашшоқӣ (камбизоатии ҳадди пасттарин) муддати қариб 25 сол мунтазам коҳиш ёфта, имсол бори нахуст дар ин давра рӯ ба афзоиш ниҳод.

“Дар бисёр мавридҳо ин ба мушкилоти ҷиддӣ – COVID-19, низоъу тағйирёбии иқлим вобаста аст, ки ҳамаи кишварҳо ба он дучор мешаванд, лекин пеш аз ҳама давлатҳое, ки шумори аҳолии камбизоаташон зиёд аст”, – омадааст дар гузориш.

Онҳо пешгӯйӣ кардаанд, ки нисбат ба соли 2019 соли 2020 афзоиши шумори аҳолии камбизоату қашшоқ дар ҷаҳон ба ҳадде назаррас хоҳад шуд, ки аз замони ба пайгирӣ оғоз намудани сатҳи камбизоатӣ дар миқёси ҷаҳон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба мушоҳида мерасад.

Гуфта мешавад, шумори аҳолии камбизоату қашшоқ дар давраи солҳои 1990 то 2017 аз 1,9 млрд нафар то ба 689 млн нафар коҳиш ёфт.

Дар давраи солҳои 1990 то 2015 сатҳи қашшоқӣ дар сайёра ҳар сол 1 банди фоизӣ кам мешуд, лекин дар давраи солҳои 2015 то 2017 сатҳи коҳиш камтар аз ним банди фоизӣ дар як солро ташкил медод.

Зикр мегардад, ки дар шароити ҳозира камбизоатӣ натанҳо аҳолии деҳоту машғули кор дар бахши кишоварзӣ, балки аҳолии шаҳрро, ки дар соҳаҳои гуногуни саноату хизмарасонӣ кор мекунанд, низ фаро гирифта метавонад.

Қаблан аввали моҳи октябр коршиносони Бонки ҷаҳонӣ чунин изҳори назар карданд, ки мушкилиҳои иқтисодии бар асари пандемия пайдошуда ба афзоиши сатҳи камбизоатӣ дар ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ боис мегарданд.

“Бо ҳисоби ҳадди камбизоатӣ 3,20 доллар дар як рӯз то 1,4 млн нафар дар сафи аҳолии камбизоат қарор гирифта метавонанд”, – пешгӯйӣ карданд онҳо.

Тибқи маълумоти ахири Бонки ҷаҳонӣ, на камтар аз 12% аҳолии Тоҷикистон, яъне зиёда аз 1,1 млн кас аз 9,4 млн нафар аҳолии кишвар дар вазъи камбизоатии ҳадди пасттарин қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.