Дар Суғд боз як дидбонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Конибодом бо иштироки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 15 ноябр маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор” доир гардид. Дидбонгоҳи "Санҷидзор" дар марз бо ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дидбонгоҳи сарҳадии «Санҷидзор» аз бинои асосӣ, анборҳо, ҷойи нигоҳдории техникаи ҳарбӣ, буғхона, […]

Дар шаҳри Конибодом бо иштироки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 15 ноябр маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор” доир гардид. Дидбонгоҳи "Санҷидзор" дар марз бо ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дидбонгоҳи сарҳадии «Санҷидзор» аз бинои асосӣ, анборҳо, ҷойи нигоҳдории техникаи ҳарбӣ, буғхона, ҳаммом, ошхона, майдончаи сафороӣ, майдончаи варзишӣ, манора  ва хонаи афсарон иборат буда, дар он барои сарбозон ва афсарон шароити зарурии маишӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шудааст.

Гуфта мешавад, корҳои сохтмонӣ дар дидбонгоҳи сарҳадӣ соли 2017 оғоз гардида, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Мубин» ва ҶДММ «Аъзам-Ю» сохта шудааст.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз бинои асосии дидбонгоҳ ва ҳуҷраҳои кории он ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии ҳудуди вилоят барои хизмату буду боши афсарону сарбозон шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки марзбонони вилоят ҷиҳати таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, дахлнопазирии он, осоишу амнияти аҳолӣ тамоми қувва, таҷриба ва маҳорати хешро сафарбар намуда, бо истифода аз шароити фароҳамгардида содиқонаву сарбаландона ба халқу Ватан хизмат менамоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.