Амалиёт: Пулиси Душанбе 104-ронандаро “протокол” кард

Date:

Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар як амалиёти шартие бо номи "Эстакада" 140 ронандаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва хусусиро барои таваққуфи нодуруст пртоколои маъмурӣ кардаву 535 ҳолати  убури ғайриқонунии роҳ ва поймол кардани гулгаштҳо аз сӯйи пиёдагардҳоро ошкор кардааст.

Дафтари матбуоти пулиси Душанбе мегӯяд ронандагонро барои таваққуфи нодуруст ва истодану нигоҳ доштани нақлиёт дар ҳудуди эстакадаҳо ва аз ҷойҳои муқарарнашудаи роҳ савор кардани мусофирон ҷарима бастааст. Пулиси Душанбе ин ронандагонро бар асоси моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима бастаасту ба додгоҳ ирсол намудааст. 

МЕДИА (YOUTUBE)

Гуфта мешавад дар миёни 535 нафаре, ки барои убури ғайриқонунии роҳ ва поймол намудани гулу буттаҳои ороишӣ ошкор шудаанд аксарашон сокинони биноҳои баландошёнаи атрофии эстакадаҳо ва донишҷӯёну хонандагони муаассаҳои таълимӣ будаанд.

Бино ба иттилои пулис ин сокинонро низ протоколи маъмурӣ кардаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...