Раиси нави Бонки миллӣ ба вакилон ваъдаи мубориза бо болоравии нархҳоро дод

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон чанде пеш, рӯзи 25 ноябр санади Дурнамои сиёсати пуливу қарзии ҷумҳуриро барои соли 2021 ва дар давраи миёнамуҳлат қабул кард. Зимни шарҳи ин санад ба вакилони парлумон раиси тозатаъини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода қайд кард, ки ҳадафи аслии Бонки миллӣ дар таҳияи ин санад дар нигаҳдории нархҳо дар бозори […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон чанде пеш, рӯзи 25 ноябр санади Дурнамои сиёсати пуливу қарзии ҷумҳуриро барои соли 2021 ва дар давраи миёнамуҳлат қабул кард.

Зимни шарҳи ин санад ба вакилони парлумон раиси тозатаъини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода қайд кард, ки ҳадафи аслии Бонки миллӣ дар таҳияи ин санад дар нигаҳдории нархҳо дар бозори дохилии истеъмолӣ дар сатҳи устувор ифода меёбад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар.

Ба гуфтаи Холиқзода, он тавассути истифодаи механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ барои пешгирии фишороварии омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо амалӣ мегардад.

Ӯ илова намуд, ки  дар лоиҳаи санад идомаи ислоҳот дар самти тақвият додани сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади нигоҳдории сатҳи таваррум пешбинӣ шудааст, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сандаи қабулшуда шарҳи мухтасари вазъи молиявӣ-иқтисодӣ ва сиёсати пуливу қарзиро дар соли 2021 дар бар мегирад. Ҳамчунин он аз нишондиҳандаи мақсаднок ва татбиқи механизму абзори сиёсати пуливу қарзии кишвар дар соли 2021 ва дар давраи миёнамуҳлат иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки сатҳи тавррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 7%-ро ташкил дод.

Дар ин давра нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ 9,6%, маҳсулоти ғайриозуқа – 4,4% ва хизматрасониҳои пулакӣ – 3,6% боло рафтанд.

Дар ин давра аз ҳама зиёдтар шакар (37,8%), билетҳои сафар бо ҳавопаймо (30%), равған (21,6%), маснуоти нонӣ (12,2%), картошка (11,2%) ва гӯшт (5,7%) қимат шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон нигаҳдории таваррумро дар соли ҷорӣ дар сатҳи ҳудуди 6% ба нақша гирифта, лекин ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ афзоиши сатҳи дурақамаи нарху тарифҳоро дар ҷумҳурӣ пешгӯйӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Ҳоким Холиқзода як ҳафта пеш ба ҷойи раиси пешин Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси БМТ таъин шуд. То ин дам ӯ ба ҳайси муовини раиси Бонки миллӣ кор мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.