Оғози лоиҳаи “Рушди устувори истеҳсоли абрешиму атлас дар Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар меҳмонхонаи Хилтон Душанбе дар доираи барномаи SWITCH-Asia, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, конфронс оид ба оғози лоиҳаи нави «Рушди устувори истеҳсоли Абрешим ва маътои Атлас дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» бо буҷаи 2 млн евро баргузор шуд. Мақсади умумии Барномаи SWITCH-Asia-и аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дастгириёбанда, ин мусоидат намудан барои рушди устуворона, пешрафти […]

Дар меҳмонхонаи Хилтон Душанбе дар доираи барномаи SWITCH-Asia, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, конфронс оид ба оғози лоиҳаи нави «Рушди устувори истеҳсоли Абрешим ва маътои Атлас дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» бо буҷаи 2 млн евро баргузор шуд.

Мақсади умумии Барномаи SWITCH-Asia-и аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дастгириёбанда, ин мусоидат намудан барои рушди устуворона, пешрафти иқтисодиёт ва сатҳи камбизоатӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Лоиҳа дар муддати се сол амалӣ мегардад ва паҳлӯҳои васеъи мавзӯъҳои рушди устуворона ва имкониятҳои беҳтар намудани занҷири аслии истеҳсоли атлас равона мегардад. Лоиҳа фаъолиятҳои зеринро дар бар мегирад:

• Гузаронидани тадқиқот оиди талабот ва хабардор намудани корхонаҳо оиди имкониятҳои беҳтар намудани занҷири аслии истеҳсоли атлас бо назардошти талаботҳои устуворонаи истеҳсолот;

• Барқарор ва модернизатсиякунонии истеҳсолоти маҳаллӣ-фурӯши занҷири аслии истеҳсоли абрешим ва атлас;

• Баргузор намудани Омӯзишҳо ва семинарҳои таълимӣ оиди истеҳсоли абрешим ва атлас,  Омӯзонидани Донишгоҳҳои таълимӣ дар соҳаи мазкур;

• Пешниҳоди дастгириҳои Машваратӣ  барои Донишгоҳу Донишкадаҳое, ки кадрҳои ояндаро дар соҳаи абрешим омода менамоянд;

• Барқарор намудани истеҳсоли рангҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар;

• Баргузории чорабиниҳои минтақавӣ, дар формати «B2B», намоишҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки истеҳсолкунандагони абрешим;

• Пешбарии маркировка барои маҳсулоти тайёр ва дар натиҷаи ниҳойи фароҳам овардани имкониятҳо дар сатҳи байналмиллалӣ барои ба даст овардани Эътироф, ҳамчун маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи ИА «SWITCH-Asia» бо иштироки намояндагони консортсиум, ки ташкилотҳо ва  корхонаҳои Машваратии Олмон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: adelphi consult GmbH (Олмон), Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ТҶ  «Маркази рушди туризм» (Тоҷикистон), Маркази рушди ҳунармандии Марғилон (Ӯзбекистон) ва Донишгоҳи санъат ва дизайни Burg Giebigstein (Олмон) аъзо мебошанд, амалӣ мегардад.

Тамос барои маълумоти иловагӣ:

Адолат Мирзошоева, (+992) 935877121, почтаи электронӣ: [email protected]

Нигина Икромӣ, (+992) 938848488, почтаи электронӣ: [email protected]

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.