Чаро соҳибкори хуҷандӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ мактаб сохт?

Соҳибкори хуҷандӣ Ҳусаинов Нуритдин баъди азнавсозии мактаби рақами 18 дар деҳаи Деҳҳавзи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба мушкилии аз таҳсил дурмондани хонандагон нуқта гузошт. Ин мактаб рӯзи 24-уми ноябр дар ягона деҳаи дурдаст, ки аз маркази Кӯҳистони Мастчоҳ дар 95 километр дурӣ ҷойгир аст, барои беш аз 110 хонанда пешбинӣ шудааст. Солҳост фарзандони ин деҳа бинобар […]

Соҳибкори хуҷандӣ Ҳусаинов Нуритдин баъди азнавсозии мактаби рақами 18 дар деҳаи Деҳҳавзи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба мушкилии аз таҳсил дурмондани хонандагон нуқта гузошт.

Ин мактаб рӯзи 24-уми ноябр дар ягона деҳаи дурдаст, ки аз маркази Кӯҳистони Мастчоҳ дар 95 километр дурӣ ҷойгир аст, барои беш аз 110 хонанда пешбинӣ шудааст. Солҳост фарзандони ин деҳа бинобар дар ҳолати садамавӣ қарор доштани мактаб ва набуди ҷойи таҳсил, синфи 10-11-ро намехонданд ва аксаран дур аз таҳсил монда буданд.

24-уми ноябр бинои нави мактаби №18-и деҳаи Деҳҳавз баъди таъмир бо 6 синфхонаи муҷаҳҳаз ҳар кадоме аз синфхонаҳо бо дарозии 7 метр ва паҳноии 4,40 метр ба баҳрабардорӣ супурда шуд. Ҳар як синфхона барои 24 хонанда пешбинӣ шуда, як утоқи корӣ барои директор, як ҳуҷрагӣ барои омӯзгорон ва китобхона пешбинӣ шудааст.  Дар умум дар мактаби рақами 18 барои 110 хонанда имкони дар як баст таҳсил фароҳам омад, ки ҳоло 102 нафар дар он ба таҳсил ҷалб шудаанд.

Муассиси ширкати “Роҳи сомон” Ҳусаинов Нуритдин, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт,  баъд аз он ки фаҳмид дар деҳаи Деҳҳавзи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мушкилии набуди мактаби нав вуҷуд дорад, ин иқдомро рӯйи даст гирифт. Ӯ мегӯяд, бо масрафи наздик ба 1 миллион сомонӣ мактаби садамавиро аз нав таъмир кард ва ба мушкилии аз таҳсил дурмондани хонандагон нуқта гузошт.  

“Дидам, ки дар шаҳри Хуҷанд ва ё дигар шаҳрҳо мактабҳо зиёданд ва дар наздам мақсад гузоштам, ки дар ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Мастчоҳ, ки мактаб хело кам будааст, хайроти соҳибкориямро бо бунёди бинои мактабе дар ин ҷой биспорам".

Ин соҳибкор мегӯяд, ки вақте дид дар деҳаи дурдасттарини Деҳҳавз мушкилии мактаби садамавӣ будаст ва таҳсил то синфи 9 идома мекардасту халос, ба бунёди мактаб ташвиқ шуд. 

Директори ҳамакнун ин мактаби тозабунёди деҳаи Деҳҳавз Азим Амиров ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бинобар дар ҳолати садамавӣ қарор доштани мактаби деҳа, солҳост таҳсил то синфи 9 роиҷ буд ва хонандагони синфҳои 10-11 аксаран аз таҳсил дур мемонда буданд. Ӯ мегӯяд, аз сабаби дур будани масофаи роҳи мактабҳои деҳаҳои ҳаммарз хонандагон аз идомаи таҳсил даст мекашиданд ва танҳо қисми хело ками онҳо, ки ҳудуди 15-20 дарсадро ташкил медоданд ва хоҳиши таҳсилро доштанд, бо убури роҳҳои дуру сангин барои таҳсил ба мактабҳои дигари Кӯҳистони Мастчоҳ мерафтанд.     

 “Акнун баъди азнавсозии бинои мактаби садамавӣ якбора мо мактаби умумь ташкил кардем ва айни ҳол таҳсил то синфи 11 ба роҳ монда шуд. Мо ҳоло 25 нафарро, ки бинобар набуди мактаб аз зинаи сеюми таҳсил дур монда буданд, барои таҳсил ба мактаби нав ҷалб кардем”.

Деҳаи Деҳҳавзи ҷамоати Лангар яке аз дурдасттарин деҳаҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аст, ки масофаи байни дигар деҳаҳо низ бо ин деҳа фарсахҳо дур аст. Мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Сафар Салимов дар сӯҳбат гуфт, мактаби 18 чаҳорумин мактаби садамавии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд, ки баъди азнавсозӣ ба истифода дода шуд. Ӯ мегӯяд, ҳоло боз як мактаби садамавӣ доранд, ки қарор аст ҳукумати вилояти Суғд онро таъмир кунад.

Раёсати маорифи вилояти Суғд мегӯяд, дар давоми нӯҳ моҳи соли равон 33 иншооти соҳаи маориф бо 6342 ҷойи нишаст, аз ҷумла 212 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо 5672 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Маъмулан аксари биноҳои мактабу ташкили синфхонаҳои нав дар вилоят бо маблағгузории сокинону шахсони хайрхоҳ, соҳибкорон ва ташкилотҳои хориҷиву қисме аз буҷа рӯйи таъмирро мебинад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.