«Чао, Диего!». Ҷаҳон бо Марадона хайрухуш мекунад

Диего Марадона, беҳтарин футболбози асри XX, рӯзи 25 ноябр даргузашт. Дар саросари ҷаҳон – ватанаш Аргентина ва Неаполи Италия, ки ӯ солҳои беҳтарини футболбозиашро дар он ҷо гузаронидааст ва дар бисёр шаҳрҳои дигар мухлисону ҳаводоронаш чорабиниҳои гиромидошту ёдбуд ташкил карда истодаанд, менависад Медуза. Президенти Аргентина Алберто Фернандес дар саросари ин кишвар мотами серӯзаи миллӣ эълон […]

Диего Марадона, беҳтарин футболбози асри XX, рӯзи 25 ноябр даргузашт. Дар саросари ҷаҳон – ватанаш Аргентина ва Неаполи Италия, ки ӯ солҳои беҳтарини футболбозиашро дар он ҷо гузаронидааст ва дар бисёр шаҳрҳои дигар мухлисону ҳаводоронаш чорабиниҳои гиромидошту ёдбуд ташкил карда истодаанд, менависад Медуза.

Президенти Аргентина Алберто Фернандес дар саросари ин кишвар мотами серӯзаи миллӣ эълон кард.

Маросими видоъ бо Марадона дар қасри президент дар Буэнос Айрес то соати 22:00 (ба вақти Маскав)-и рӯзи 26 ноябр муқаррар шуд. Интизор меравад, ки тақрибан 1 млн нафар барои видоъ бо қаҳрамони ҷаҳон дар қасри президенти Аргентина ҷамъ меоянд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Аргентина, ҳазорҳо нафар барои видоъ бо Марадона навбат гирифтанд, аммо онҳое низ буданд, ки барои дидани тобути Диего аз болои панҷара гузаштанӣ шуданд, ки дар натиҷа ба даргирӣ бо кормандони пулис боис гардид.

Чемпиони ҷаҳон, қаҳрамони дукаратаи Италия Диего Марадона рӯзи чоршанбе дар Буэнос-Айрес дар синни 60-солагӣ бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.